Саҳми Душанбею Тошканд дар ҷамъият барои бунёди нерӯгоҳҳои Зарафшон муайян шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевРека вдоль границы с Афганистаном, архивное фото
Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Дар ҷамъияте, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳияи асоснокии техникию иқтисодӣ, сохтмон ва истифодаи ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон таъсис додаанд, саҳми ҷонибҳо маълум шуд
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Саҳми Тоҷикистон дар ҷамъияти саҳомии кушодае, ки барои сохтмони ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон таъсис меёбад, 50 дарсади ҷамъи як саҳмия хоҳад буд. Боқимонда 50 дарсад тарҳи 1 саҳмия ҳиссаи Ӯзбекистон мебошад.
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъсис додани ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон моҳи равон зимни сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Душанбе имзо гардид.
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Тоҷикистон барои содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистон ва Ӯзбекистон омода аст
Қаблан Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки дар назар аст, аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон бо арзиши 282 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 140 Мвт ва 700-800 миллион кВт/соат бунёд гардад. Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Фондарё баррасӣ мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 270 миллион доллар ва иқтидораш 135 МВТ-ро ташкил медиҳад.
Манбаъ изҳор дошта буд, ки маблағгузории сохтмони ду нерӯгоҳ аз ҳисоби пули қарзу грант ва саҳми ҷонибҳо дар хазинаи оинномавии нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала