Сангвор номи Заршӯёнро гирифт: нашри қарорҳои тағйири ном дар Суғд, Нуробод ва Сангвор

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Ҳукумат барои тағйири ҷойномҳоро дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, Рустами Эмомалӣ қарорҳои дахлдорро имзо кардааст
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Бо пешниҳоди Ҳукумат ва қарори Маҷлиси миллӣ номи ҷамоати деҳоти Сангвор ба деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор иваз гардид.
Қарор дар ин бораро Рустами Эмомалӣ рӯзи 21 июн дар пайи ҷаласаи палатаи болоии парлумон имзо кард.
Бар асоси қарори дигари Маҷлиси миллӣ, номи як ҷамоату ду деҳа дар ноҳияи Нуробод низ иваз гардиданд.
Аз ҷумла ҷамоати деҳоти Комсомолобод ба деҳоти Меҳробод иваз гардид.
Номи деҳаи Комсомолободи деҳоти Комсомолобод ба деҳаи Меҳрободи деҳоти Меҳробод иваз карда шуд, омадааст дар қарор.
Инчунин деҳаи Қумоқи деҳоти Ҳакимӣ номи деҳаи Хумроғи деҳоти Ҳакимиро гирифт.
Памир, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2020
Вахон ном мегузоранд: Парлумон тағйири номгузорӣ дар Ишкошимро баррасӣ мекунад
Пешниҳодҳо дар мавриди иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Нурободу Сангвор аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вориди парлумон шудаанд.
Инчунин бо пешниҳоди ҳукумату ҷонибдории парлумон тағйири ҷойномҳо дар 8 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд қабул гардид. Аз ҷумла дар шаҳри Исфара номи ҷамоати Шаҳрак ба Зумрад иваз карда шуда, деҳаҳои Чорқишлоқ -Чордеҳ ва Матпарӣ - Моҳпарӣ ном гирифтанд.
Дар шаҳри Конибодом ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов номи Фирӯзоба ва ҷамоати Эргаш Шарифов номи Куҳандиёрро гирифтанд.
Дар Панҷакент номи деҳаи Қумсойи ҷамоати Сӯҷина ба Соҳил, Пушти қӯрғони ҷамоати Моғиён ба Пуштакуҳ, Авазалии ҷамоати Саразм ба Шоҳгузар, Соҳибназар ба Шоҳканд, Абдусамад ба Самадобод ва Раҷабалӣ ба Раҷабобод иваз шуданд.
Здание парламента Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Парлумон тағийри номҳо дар Данғара, Фархор, Темурмалик ва Тоҷикободро тасдиқ кард
Дар ноҳияи Зафаробод маҳаллаи Ҳамид Алиев ба Суғдиён ва деҳаи Ҷомӣ ба Сомониён табдили ном кард.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳаҳои Котмаи ҷамоати Ғозиён номи Шоҳиён, Хилватқӯрғони ҷамоати Ёва – Қалъаманор, Аждарлии ҷамоати Исмоил – Ориён, Янгуқӯрғони ҷамоати Ҳайдар Усмонов – Деҳсор ва Қӯрғонча номи Куҳандеҳро гирифт.
Дар ноҳияи Ашт деҳаи Сарқамиши ҷамоати Ифтихор ба Сарсабз ва деҳаи Қароқазони ҷамоати Меҳробод ба Чоҳи Исфаҳон иваз шуд.
Дар шаҳри Истаравшан деҳаи Ҳавотоғи ҷамоати Ниҷонӣ ба Шодобдеҳ ва Ҷарқӯрғони ҷамоати Зарҳалол ба Куҳандиж иваз шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала