Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Талаботи нав барои вуруди тоҷикистониён ба Ӯзбекистон

© Sputnik / Амир ИсаевКПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Қарор аз ҷониби комиссияи вижаи ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус қабул шудааст
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Ҳукумати Ӯзбекистон бори дигар ташхиси ПСР - ро барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ кард.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати тандурустии кишвар хабар медиҳад.
"Хадамоти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ барои ашхосе, ки тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешаванд, низоми санҷиши ҳатмӣ бо истифода аз усули ПСР - ро ҷорӣ мекунад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин, дар давоми ҳафт рӯз пас аз ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон, шаҳрванди хориҷӣ бояд дигарбора аз санҷиш гузарад.
Самолет президента Республики Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Талаботи вуруд ба Ӯзбекистон тағйир ёфт
Ёдрас мешавем, ки Ҳукумати Ӯзбекистон аз 15 августи соли 2020 маҳдудиятҳои ковидиро сабук кард.
Аз 1 октябр сарҳадҳо барои вуруд ва баромади ҳама гуна намуди нақлиёт кушода шуданд ва сайёҳати дохилӣ иҷозат дода шуд.
Аз меҳмонон талаб карда шуд, ки ташхиси манфии коронавирусро пешниҳод кунанд.
Рӯзи 25 декабр дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нуқтаҳои марзӣ экспресс-санҷишҳои ҳатмӣ ҷорӣ карда шуданд.
Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2021
Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон эълон шуд
Аммо, аз 15 март, санҷиши ҳатмӣ низ бекор карда шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала