Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Тоҷикистон аз БОР гранту 3,4 миллион вояи зидди коронавирус мегирад

© Sputnik / Стас ЭтвешМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Вазорати молияи Тоҷикистон аз имзои созишнома бо Бонки осиёии рушд барои дастрас кардани ваксинаҳо алайҳи коронавирус хабар дод
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд созишномаи грантӣ оид ба маблағгузории Лоиҳаи “Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором” ба имзо расонданд.
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, маблағи умумии Лоиҳа 26,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, онро вазири молия, Файзиддин Қаҳҳорзода ба имзо расондаст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки аз ин маблағ 25 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ба иттилои Вазорати молия, татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Праздничный концерт в комплексе Наврузгох 9 сентября 2015 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Маълум шуд, ки чӣ гуна Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе баргузор мешавад
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар доираи татбиқи лоиҳа хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 дар ҳаҷми 3,4 миллион воя бо қуттиҳои бехатарӣ ва сӯзандоруҳо, хариди дигар таҷҳизоти тиббӣ, инчунин анҷоми тадбирҳо вобаста ба амалӣ намудани барномаи эмгузаронӣ ва идоракунии лоиҳа пешбинӣ шудааст.
Ин созиш дар ҳолест, ки ахиран Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон баъди қариб ним соли таъкидҳои мақомоти тандурустӣ дар бораи адами коронавирус дар кишвар, эълон дошт, ки боз ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала