Ӯзбекистон барои баргузории интихоботи президентӣ 30 миллион доллар ихтисос кард

© МИД РТВыборы президента Таджикистана за рубежом: Узбекистан
Выборы президента Таджикистана за рубежом: Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Ҳар як аз панҷ ҳизб дар сурати муаррифии номзади худ, 15. 4 миллиард сӯм (ҳар як 1.5 миллион доллар) дарёфт мекунад
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати молияи Ӯзбекистон аз ихтисоси 30 миллион доллар барои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар моҳи октябр хабар дод.
Адҳам Абдуллоев, сухангӯи Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон гуфт: идораи контроли молии Вазорати дороӣ як мавҷудии комил аз лавозим ва колоҳои интихоботии мавҷуд дар манотиқро анҷом додааст, пас аз он бароварди ҳазина шакл гирифт ва тасвиб шуд.
Выборы президента Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Санаи дақиқи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд
Дар ин бора дар баёнияи вебсайти Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон омадааст.
"Тибқи қонуни буҷети давлат барои соли 2021, ҳаддиаксари мизони буҷети ихтисосёфта барои омодасозӣ ва анҷоми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар октябри соли ҷорӣ 300 миллиард сӯм таъйин шудааст", - гуфта мешавад дар он.
Ба таври хос, ҳар як аз панҷ ҳизб дар сурати муаррифии номзади худ, 15. 4 миллиард сӯм (ҳар як 1. 5 миллион доллар) ва ҳар як аз номзадҳо 3. 97 миллиард сӯм (ҳудуди 380 000 доллар) дарёфт мекунад.
Ин марказ эълом кард, буҷети боқимонда ҷиҳати ҳазина барои таҷҳизоти фаннии ҳудуди 11 ҳазор маркази раъйдиҳӣ, интишори китобчаҳои роҳнамоии равиши раъйдиҳӣ ва ҳуқуқи аъзои комиссияҳои интихобот ихтисос хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала