Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СҶБ гуфт, кадом ваксинаҳо зидди штамми ҳиндии коронавирус муассиранд

Вакцинация от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Намояндаи ташкилот таъкид кард, ки танҳо дар сурати гирифтани ҳар ду қисми ваксина он муассир хоҳад буд ва тавсия дод, ҳар касе, ки сӯзандоруи аввалро гирифтааст бояд амалиётро ба анҷом расонад
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Ҳамаи ваксинаҳои мавҷуда инсонро аз навъи ҳиндии COVID-19 - "делта" бо гирифтани ду давраи сӯзандору, муҳофизат мекунанд, гуфт Мария Ван Керхове, сардори дастаи техникии бахши бемориҳои фавқулодаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт. Дар ин бора РИА Новости менависад.

"Мо медонем, ки барои ҳамаи навъҳои нигаронкунанда, аз ҷумла "делта", ваксинаҳо муассир боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, ин нишонаи хеле хуб аст", - гуфт Фон Керхове дар брифинг.

Вай таъкид кард, ки танҳо дар сурати гирифтани ду сӯзандору ваксинаҳо инсонро аз хатари марг метавонанд муҳрофизат кунанд ва тавсия дод, ҳар касе, ки сӯзандоруи аввалро гузаронидааст, бояд ин амалро ба анҷом расонад.
Мэр Москвы Сергей Собянин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Собянин дар бораи навъи хатарноки коронавирус гуфт
Тавре, намояндаи СҶБ қайд кард, то ҳол маргбор будани навъи "делта" -и коронавирус тасдиқ нашудааст. Ҳамзамон, ба гуфти ӯ, ташкилот барои баровардани хулосаҳои ниҳоӣ маълумоти кофӣ надорад.
"Як тадқиқот аз Шотландия ба наздикӣ афзоиши хатари марг аз ин навъи коронавирусро пешниҳод кард, аммо ин кори пешакӣ дар як кишвар аст ва барои беҳтар фаҳмидани оқибатҳо ва вазнинӣ омӯзиши минбаъдаро талаб мекунад", - гуфт ӯ.
Жители Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Фаврӣ: дар Тоҷикистон боз коронавирус ба қайд гирифта шуд
Штамми ҳиндии коронавирус соли гузашта муайян карда шуд. Тавре мутахассисон қайд мекунанд, "делта" зуд сироят мекунад ва дарҳол ба шаклҳои вазнини беморӣ мегузарад.
Ҳафтаи гузашта СҶБ иттилоъ дод, ки навъи "делта" аллакай дар беш аз 80 кишвар паҳн шудааст ва мутатсияро идома медиҳад.
Директори Маркази тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф.Гамалея Александр Гинтсбург гуфта буд, ки ваксинаи " Спутник V" аз ҳама навъҳои дар айни замон маъруфи COVID-19 инсонро муҳофизат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала