Завқизода бо ёвари дабири кулли СММ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

© котиботи Вазорати рушди иқтисоду савдои ТоҷикистонЗавқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Мирҷана Сполярич, ёвари дабирри кулли СММ ва мудири Бюрои минтақавии БРСММ оид ба Аврупо ва ИДМ
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Мирҷана Сполярич, ёвари дабирри кулли СММ ва мудири Бюрои минтақавии БРСММ оид ба Аврупо ва ИДМ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Обуна шудан
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо хонум Мирҷана Сполярич Эггер, мақомдори баландпояи СММ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Мирҷана Сполярич ёвари дабири кулли СММ ва мудири Бюрои минтақавии БРСММ оид ба Аврупо ва ИДМ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод, Завқизода нахуст Мирҷана Сполярич Эггерро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба БРСММ барои ҳамкории давомдор ва пурсамар ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори сипос намуд. Завқизода гуфт, лоиҳаҳои муштарак бо СММ ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд.
Завқизода бо изҳори сипос аз БРСММ дархост кард, ки барои сафарбар намудани маблағҳои иловагӣ барои лоиҳаи кишвар ва амалисозии нақшаҳои минбаъдаи ҷониби Тоҷикистон мусоидат намоянд. Аз ҷумла аз СММ дархост шудааст, ки барои таҳияи шарҳи пурраи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва муаррифии он дар ҷаласаи Шӯрои Миллии Рушд, тақвияти иқтидори Котиботи Шурои миллии рушд, инчунин таҳияи ҳисоботи ихтиёрии миллӣ дар соли 2022 мусоидат намояд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Эмомалӣ Раҳмон Гутерришро бо интихоби дуборааш ба мақоми дабири кулли СММ шодбош гуфт
Завқизода афзуд, Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки соли 2017 "Ҳисоботи ихтиёрии миллӣ"-и худро дар мулоқоти сатҳи баланд дар шаҳри Ню - Йорки ИМА бомуваффақият муаррифӣ намуд. Ҳамзамон соли 2018 Ҳисоботи миллӣ оид ба ҷараёни татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола гузаронида шуд, ки барои таҳлили минбаъдаи татбиқи ҲРУ заминаи асосӣ гузошт, илова намуд вазири тоҷик.
Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо БРСММ барои таъмини суботи макроиқтисодӣ, коҳиш додани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсироти беруна, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи истеҳсолот, Вазорати рушди иқтисод ва савдо "Барномаи миёнамӯҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" -ро таҳия намуд.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод, дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.
Лентаи хабарҳо
0