Маҳви фасод, эҷоди ҷойи кору бозори манзил: аҳдофе, ки Раисӣ назди худ гузоштааст

© AFP 2023 / ATTA KENAREПрезидент Ирана Эбрагим Раиси
Президент Ирана Эбрагим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Обуна шудан
Саид Иброҳими Раисӣ ният дорад, фасодро дар Эрон решакан кунаду ҷойҳои бештари кориро барои мардум таъсис диҳад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Иброҳим Раисӣ, президенти тозаинтихоби Эрон, дар нахустин нишасти хабарии худ ба Sputnik гуфт, ки нахустин фармони ӯ ба ҳайси раиси иҷроия фармоне барои аз байн бурдани фасод, эҷоди ҷойҳои корӣ ва бозори манзил хоҳад буд.

“Ҳамаи ин мушкилот (фасод ва ришвахорӣ - шарҳи Sputnik) аз ҷониби ҳукумати ман ислоҳ карда мешавад. Ва қадамҳои аввалине, ки мо хоҳем гузошт, таваҷҷӯҳ ба ташкили шуғли пурра ва ҳалли вазъи манзил (масъалаи амволи ғайриманқул) -и одамон хоҳад буд”, - афзудааст кишвардори тозаинтихоби Эрон.

Дар идома Раисӣ амрикоиёнро дар вайрон намудани Нақшаи амали ҳамаҷонибаи муштарак муттаҳам ва ҳамзамон аврупоиҳоро дар иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ гунаҳкор кард.
“Маслиҳати ман ба амрикоиҳо ин аст, ки ба ӯҳдадориҳои худ баргарданд ва онҳоро иҷро кунанд. Ва аврупоиҳо набояд зери фишори ИМА "ғарқ шаванд" ва аз паи онҳо раванд, бигзор онҳо танҳо ӯҳдадориҳои худро иҷро кунанд. Мардуми Эрон танҳо мехоҳанд, ки аврупоиҳо ваъдаҳои худро дар доираи Нақшаи амали ҳамаҷонибаи муштарак иҷро кунанд. Мардуми Эрон мехоҳанд аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунанд. Ва мо ин ҳуқуқҳоро дифоъ хоҳем кард".
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Президенти нави Эрон ба Душанбе даъват мешавад: Зоҳидӣ аз узвияти Теҳрон дар СҲШ гуфт
Зимнан, кишвардори нав ба масъалаи таҳримҳо дахл намуда талаб кард, ки Амрико вазифадор аст, ки тамоми таҳримҳои шадид алайҳи мардуми Эронро лағв кунад.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи президентӣ дар Эрон рӯзи ҷумъа баргузор шуд. Иброҳим Раисӣ 62% овозҳоро ба даст овард ва президенти Эрон эълон гардид.
Дар интихобот 48,8% аҳолӣ ширкат варзиданд, ки камтарин шумора дар интихоботи президентӣ пас аз эълони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1979 мебошад.
Лентаи хабарҳо
0