Ҳавои Тоҷикистон то 40 дараҷа тафсон мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Обуна шудан
Дар аксар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Аммо дар умум дамои ҳаво тафсон хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Ожонси ҳавошиносӣ мегӯяд, ба ҷуз аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар дигар минтақаҳо ҳаво бебориш аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ғарби ВМКБ рӯзона 22+27 ва шабона 9+14 дараҷа ҳаво гарм мешавад.
Дар шарқи ин вилоят бошад, рӯзона 10+15 ва шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шиддатнокии шамол дар аксар ноҳияҳо ба 10-15 метр хоҳад расид. Дамои ҳаво рӯзона 32+37 ва шабона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Боришот дар вилояти Хатлон ҳам дар назар нест. Дар ин вилоят шиддати бод дар як сония ба 12-17 метр баробар аст. Ҳаво рӯзона 35+40 ва шабонга то т20+25 дараҷа тафсон мешавад.
Дар аксар шаҳри ноҳияҳои тобеи марказ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ба амл омадани раъду барқ низ пешгӯӣ мешавад. Дамои ҳаво рӯзона 34+39 ва шабона 15+20 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳам ҳаво камабру бебориш аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0