Имомхатиби ноҳияи Шоҳмансур озод шуд

© AFP 2021 / Irfan Licina Имам во время празднования Ид-аль-Фитра в Сербии
 Имам во время празднования Ид-аль-Фитра в Сербии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Абдулҳақ Обидов ба иттиҳоми алоқамандӣ бо ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" боздошт шуда буд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Имомхатиби собиқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдулҳақ Обидов озод шудааст.
Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи апрел собиқ имомхатиб ва 4 нафари дигарро Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми иртибот бо ҷараёни экстремистии "Салафия" (мамнӯъ дар Тоҷикистон - шарҳи идора) дастгир карда буд.
"Ба ҳамроҳи Абдулҳақ Обидов, Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров, ки ба иллати иртибот бо ӯ 3 моҳ пеш боздошт шуда буданд ҳам озод шуданд", - менависад "Парс тудей".
Верующий молится, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
КДАМ имомхатиби ноҳияи Шоҳмансурро бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни "Салафия" боздошт кард
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми алоқамандӣ ба ҷараёни экстремистии “Салафия” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) панҷ нафарро боздошт кард.
Гуфта мешуд, бо гумони алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд.
Расонаҳо омили боздошти Абдулҳақ Обидовро пас аз суханронияш дар ҷанозаи Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ рабт дода буданд.
"Баъди ифтор, дар рӯзи аввали Рамазон": домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ даргузашт
Кумитаи дини кишвар бошад, дар асоси маълумоти мақомоти амниятии ҷумҳурӣ навиштааст, ки боздошти сархатиб ба суханрониаш дар маросими ҷанозаи марҳум Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ҳеҷ иртиботе надорад.
Ин ниҳод аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала