Карзай: Русия метвонад нақши муҳим дар таъмини сулҳи Афғонистон ифо кунад

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузаштан ба хазинаи аксЭкс-президент Афганистана Хамид Карзай
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Раисҷумҳури пешини Афғонистон мегӯяд, ки Русия ва Чин метавонанд дар таъмини сулҳ дар Афғонистон нақши муҳим дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон, имрӯз дар Конфронси байналмилалии амнияти Маскав гуфт, ки Русия ва Чин метавонанд дар таъмини сулҳ дар Афғонистон нақши назаррас дошта бошанд, иттилоъ додаасст Sputnik Афғонистон.

"Замони он расидааст, ки минтақа ва қудратҳои бузург дар таъмини сулҳи Афғонистон нақши фаъолтар дошта бошанд. Мо боварӣ дорем, ки Русия, Чин ва Покистон метавонад дар сулҳи Афғонистон саҳми назаррас гузоранд. Умедворем, ки Эрон, Ҳиндустон ва Туркия дар оянда низ ба ин масъала ҳамроҳ хоҳанд шуд”

Бывший президент Афганистана Хамид Карзай, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳомид Карзай
Раисҷумҳури пешини Афғонистон
Ҳомид Карзай ба Русия барои оғози музокироти сулҳ дар Афғонистон ташаккур гуфт ва қайд кард, ки музокироти Русия ва Афғонистон дар бораи сулҳ аз соли 2018 идома дорад.
Ба гуфтаи оқои Карзай, Афғонистон мехоҳад зомини субот дар минтақа бошанд, ба кишварҳои дигар вобаста набошад ва бо тамоми ҷомеаи байналмилалӣ муносибатҳои хуб дошта бошад.
Солдат группы Исламского общество Ато Мухаммада Нура - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Суқути Шимол: аз Масъуду Аббоси “Доллар” то сукути ҷаҳон дар ростои ҷиноёти Толибон
Конфронси нӯҳуми байналмилалии амният дар Маскав рӯзи чаҳоршанбе бо садҳо мақомдорони низомӣ ва сиёсӣ оғоз ёфт.
Мақомоти Русия мегӯянд, ки конфронс муҳимтарин майдон барои баррасии масъалаҳои субот ва амният дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон, Сурия, Фаластин ва Қафқози Ҷанубист.
Соли гузашта ба далели хуруҷи коронавирус конфронс лағв гардида, ва ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала