Корхонаи азкормондаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол дубора фаъол шуд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузаштан ба хазинаи аксМеталлургический завод. Архивное фото
Металлургический завод. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол, ки чанд соли охир аз фаъолият боз монда буд, дубора ба кор оғоз кард
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Бо талоши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чанде пеш корхонаи азими дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба фаъолият шурӯъ кард, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
“Рӯзҳои аввали дубора ба фаъолият оғоз кардан мутахассисон изҳор доштанд, ки корхона ҳафтае қариб 20 тонна маҳсулоти хом тавлид хоҳад кард. Хушбахтона, феълан дар як ҳафтаи корӣ истеҳсоли маҳсулоти хоми сурб дар ин ҷо то ба 90 тонна расид, ки гувоҳи пешравии рӯзафзуни фаъолияти корхона аст”, - таъкид доштааст ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истиқлол.
Роҳбарияти "Корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол" Лю Ал Ҷун, директори иҷроия ва Тан Йи Пин, директори корхона оид ба истеҳсолот, изҳори қаноатмандӣ карданд, ки дар сурати пеш наомадани мушкилиҳо, аз қабили қатъ шудани барқу об, суръати истеҳсолот боз ҳам афзоиш ёфта, моҳе то 2 ҳазор тонна ашёи хоми саноатӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2018
Соҳибкори маҳалӣ дар шаҳри Гулистон корхонаи металлургӣ бунёд мекунад
"Мақомоти маҳаллӣ талош дорад, ки барои равнақи истеҳсолоти корхона ҳамаи шароитҳоро бароямон муҳайё созад. Айни замон нисбат ба таркибу сифати маъдани истихроҷшаванда ягон шикоят нест. Ҳавасмандии харидорони металлургия ҳам ба маҳсулоти мо зиёд аст", - афзудааст Тан Йи Пин.
Эҳёи корхонаи мазкур аллакай дар самти ободонӣ ва ҳалли масоили иҷтимоии шаҳр таъсири мусбат гузошт. Аллакай, дар ин ҷо бунёди кӯдакистони замонавии дорои 240 ҷой ҷараён дорад.
Ёдрас мешавем, ки корхонаи металлургӣ моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Истиқлол бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна сурбу 50 ҳазор тонна руҳ ва бо таъсиси 1,5 ҳазор ҷойи кор ба истифода дода шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала