Кремл аз вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксЕжегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Котиби матбуоти Президенти Русия Дмитрий Песков вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Котиби матбуоти Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков гуфт, Русия аз ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон нигарон аст.
Сухангӯи Кремл таъкид кард, ки вазъ дар марз баъди хуруҷи қӯшунҳои Амрико аз Афғонистон муташанниҷ шуд.
"Дар умум, албатта, ташаннуҷи вазъи Афғонистон дар ҳошияи хуруҷи низомиёни Амрико ва дигар қӯшунҳо аз ин кишвар - аҳамияти бештар ва нигарониро талаб мекунад", - гуфт Песков.
Солдат Афганской национальной армии охраняет блокпост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Тоҷикистон барои низомиён дар марзи Афғонистон ҳолати омодабош эълон кард
Ёдовар мешавем, ки дар 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҳаракати радикалии "Толибон" ( мамнӯъ дар Тоҷикистон) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
22 июн Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи Толибон ба комиссариати Шерхон Бандари вилояти Кундузи Афғонистон 134 сарбози афғон тавассути посгоҳҳои марзӣ ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Дар байни онҳо чаҳор захмӣ буданд, як сарбоз кушта шуд. Раёсат вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро муташанниҷ арзёбӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала