Наврӯза гуфт, бовар надошт, ки суханронии ӯ писанди Президентҳо ва тамоми мардум мешавад

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонНаврӯза Мамирова, ровии телевизиони Муғд бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзёев ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯза Мамирова, ровии телевизиони Муғд бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзёев ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Наврӯза Мамирова тамоми муваффақиятшояшро мадюни шавҳараш медонад, ки дар ҳама кору ҳолат дастгири ӯст
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Наврӯза Мамирова 24 сол дошта зодаи ноҳияи Деваштиҷ аст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ихтисоси рӯзноманигор буда, аз соли 2018 дар телевизиони Суғд фаъолият мекунад.
Мамирова мегӯяд, соли 2018 замоне, ки дар бахши чоруми донишгоҳ таҳсил мекард, дӯстӣ ва муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон гарм шуд. Пас аз ин ҳодисаи таърихӣ ӯ ба телевизион пешниҳоди барномаи "Қадрият" кард ва он аз ҷониби раҳбарият пазируфта шуд.
Миллати Мимирова Наврӯза ӯзбек аст.
Суханронии ӯ дар назди раисиҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам аз ҷониби роҳбарони ин давлат ва ҳам аз тарафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хуб пазируфта шуд.
Аммо, худи Наврӯза ба сомонаи Your.tj изҳор доштааст, "интизор надошт, ки ҳарфзании ӯ назди Раҳмону Мирзиёев ин қадар гарм пазируфта мешавад".
Ин рӯзноманигори ҷавон тамоми муваффақияти худро мадюни шавҳараш медонад, зеро ӯ дар ҳама кору ҳолат дастгираш аст.

"Хушбахтии як зан дар фаҳмишу иродат ва дастгириҳои оилааш маҳсуб меёбад, ки хурсандона ман ин саодатро соҳибам", - афзудааст Наврӯза.

Зимнан, ӯ лаҳзаи суханронии худро ба ёд оварда афзудааст, ки ҳангоми ҳарф гуфтан ӯро як ҳиссиёти тасвирнашавандае фаро гирифт.
"Эҳсоси масъулияти баланд маро фаро гирифт, зеро аз миёни садҳо ҷавонон ин имконият танҳо ба ман даст дода буд", - изҳор доштааст ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Наврӯза Мамирова зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба вилояти Суғд назди роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ду забон шеър қироат кард, ки писанди роҳбарони давлат гашт.
Пас аз ин ҳодиса, бо гузашти ҳамагӣ чанд рӯз рӯзноманигори ҷавон аз тарафи Ҳукумати Ӯзбекистон бо нишони сарисинагии "Ӯзбекистон белгиси" ва туҳфаи президент қадрдонӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала