Дар панҷ ноҳияи Тоҷикистон маркази ҳамкорӣ бо милиса ташкил шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешМилиционеры на дороге, архивное фото
Милиционеры на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Вобаста ба тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳо низоми таълим дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ такмил дода шуда, кормандони милитсия ба таълим фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар панҷ ноҳияи Тоҷикистон маркази ҳамкорӣ бо милиса ташкил шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҷайҳун, Фархор, Истаравшан ва Исфара 21-уми июн панҷ марказ ититоҳ шуданд.
Марказ барои Гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа иборат аз намояндагони ҷомеа ва кормандони милитсия, ки барои муайян ва ҳалли мушкилоти амнияти маҳаллӣ дар якҷоягӣ кор мекунанд, ҷой таъмин мекунад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо занони милиса дар Гулистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Атласу адрас: рӯнамоии либоси нави занони милиса дар Тоҷикистон
Гуфта мешавад, вобаста ба тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳо низоми таълим дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ такмил дода шудааст.
Дар натиҷа, кормандони милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон дар партави Стратегияи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ такмил ва бозсозӣ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала