Парвандаи ҷиноӣ барои лату кӯби марди 61-солаи дорои бемории рӯҳӣ

Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати марди 40 сола хабар додааст, ки дар лату кӯби куҳансоли дорои бемории рӯҳӣ гумонбар дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт ва оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 22-юми июни соли равон, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон нисбати марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом оғоз карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки номбурда рӯзи 22-юми июн, дар назди мактаби №1 шаҳри Конибодом бо марди 61-солаи сокини ҳамин шаҳр, дорои касалии рӯҳӣ, бе ягон асос ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб кардааст.
ФСБ задержали в Москве пособника террористам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Суҳроби “валютчик” дастгир шудааст: баррасии парванда алайҳи ӯ дар суд идома дорад
Масъулини вазорати корҳои дохила таъкид намуданд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Зикр карда шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала