Путин: Русия ҳеҷ вақт иродаашро ба дигар кишварҳо бор намекунад - видео

Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин дар конфронси амнияти байналмилалӣ дар Маскав ширкат кард
Дар Маскав Конфронси 9-уми байналмилалии амният, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Русия роҳандозӣ мешавад, оғоз ёфт ва дар он зиёда аз 600 меҳмон иштирок доранд..
Дар рӯзи ифтитоҳи конфронс президенти Русия Владимир Путин суханронӣ кард.
Ӯ таваҷҷӯҳи иштирокдоронро ба афзоиши "нооромиҳо дар равандҳои геополитикӣ" ҷалб кард.
Путин инчунин аз муноқишаҳои минтақавӣ ва афзоиши фаъолияти киберҷинояткорон ва террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ кард.
Путин ба мақбараи сарбози номаълум гул гузошт
Президент таъкид кард, ки Русия омода аст дар заминаи баробар дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ бо истифода аз усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ширкат варзад.
"Мо ҳеҷ гоҳ иродаи худро ба дигар кишварҳо бор намекунем", - гуфт Путин.
Конфронс дар Маскав рӯзи 24 июн ба поён мерасад.
Форуми солона намояндагони вазоратҳои дифоъ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони ғайриҳукуматиро дар ҷустуҷӯи посух ба саволҳои асосии амнияти ҷаҳонӣ гирд меорад.
Лентаи хабарҳо
0