Қарори Рустами Эмомалӣ барои таъмини мактабҳо бо утоқҳои фаннӣ

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Сарраёсати молияи пойтахт вазифадор гардидааст, ки маблағҳои заруриро пешбинӣ кунад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе барои таъмини мактабҳо бо утоқҳои фаннӣ ба тасвиб расид, хабар медиҳад шаҳрдории Душанбе.
Гуфта мешавад, "Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025″ тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори раиси шаҳр аз 22 июни соли 2021 имзо гардид.
Сарраёсати молияи пойтахт вазифадор гардидааст, ки барои татбиқи барномаи мазкур дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудошуда ва солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Талаби Рустами Эмомалӣ: назорати риояи қонуни танзим аз ҷониби мансабдорон пурзӯр шавад
Тибқи қарори мазкур Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози "Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025" муқаррар гардида, ҳар сол то 20 ноябр ба мақомоти шаҳри Душанбе оид ба амалӣ гардидани он гузориш пешниҳод менамояд.
Пештар Рустами Эмомалӣ, қарор оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони пойтахтро имзо карда, ба масъулин баҳри ташкили истироҳати бофароғати хонандагони дастур додаст.
Маълум шуд, кӯдакону наврасони Душанбе имсол дар куҷо истироҳат мекунанд: қарори шаҳрдор
Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, истироҳати хонандагони шаҳри Душанбе дар мавсими таътили тобистона дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди мактабҳои пойтахт гузаронида мешавад.
Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, хонандагони пойтахт имсол дар истироҳатгоҳҳои "Зимчуруд", "Гулхан", "Шарора" ва "Орзу", инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ истироҳат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала