Решетников далели фалаҷ нашудани иқтисоди кишварҳои СҲШ дар замони пандемияро гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкМинистр экономического развития РФ Максим Решетников
Министр экономического развития РФ Максим Решетников  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Обуна шудан
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсияро вазирони иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии СҲШ дар Душанбе баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Форуми иқтисодии СҲШ дар Душанбе вазири рушди иқтисод Максим Решетников гуфт, коҳиши иқтисоди кишварҳои ширкаткунанда дар охири соли 2020 назар ба коҳиши иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна хеле камтар шудааст.
Ба гуфти ӯ, чунин "шароити мусоид" натиҷаи сиёсати пешгирифтаи зиддибӯҳронии кишварҳо мебошад.

"Русия барои мубориза бо пандемия тақрибан 4,5 банди ММД-ро равона кард. Ин рақами бесобиқа аст. Аммо на танҳо миқдори дастгирӣ муҳим буд, балки сифати чораҳои андешидашуда низ муҳим буданд. Кумак ба мардум ва соҳибкорон саривақтӣ буд ва аз ин рӯ самаранок шуд", - изҳор дошт Решетников.

Зимнан, ӯ қайд намуд, ки ҳама чиз пеш аз ҳама ба ҳифзи ҷойҳои корӣ ва даромади шаҳрвандон, дастгирии соҳибкорӣ, бозсозии давраи сармоягузорӣ, суръат бахшидан ба рушди рақамӣ ва инноватсионии иқтисодиёт равона карда шудааст.
Дар натиҷа, ММД Русия 3% коҳиш ёфт, ки ин нисбат ба ММД-и кишварҳои калонтарин камтар аст.
Решетников қайд кард, ки таҳияи чаҳор ваксинаи Русия дар мубориза бо пандемия нақши муҳим дошт.
"Мо аз моҳи декабр дар Қазоқистон "Спутник V" истеҳсол мекунем ва ба наздикӣ бо панҷ ширкати Ҳиндустон низ шартномаи истеҳсолӣ имзо кардем", - афзуд ӯ.
Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Душанбе мизбони ҷаласаи котибони амнияти кишварҳои узви СҲШ мешавад
Роҳбари Вазорати рушди иқтисод қайд кард, ки пандемия равандҳои пеш аз оғоз ба вуҷуд омадаро метезонад ва маҷбур мекунад, ки ҳалли мушкилотро бо суръате, ки дар шароити муқаррарӣ солҳо тӯл мекашиданд, пайдо кард.
"Сухан дар бораи рақамисозӣ, рушди экосистемаҳои рақамӣ меравад. Рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия омилҳои асосии рушди иқтисодӣ барои ҳар як кишвари мо ва дар маҷмӯъ барои СҲШ мебошанд", - таъкид кард Решетников.
Ёдовар мешавем, ки Форуми иқтисодии СҲШ дар сатҳи вазирони иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар Душанбе рӯзҳои 23-24 июн дар мавзӯи "Таҳкими ҳамкорӣ дар иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия" баргузор мешавад.
Иштирокчиёни форум масоили татбиқи системаи ҳукумати электронӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, таблиғ ва истифодаи афзалиятҳои тиҷорати электрониро дар фазои СҲШ баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0