Шойгу авзои Афғонистонро арзёбӣ кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны РФ Сергей Шойгу во время осмотра экспозиции выставки вооружений
Министр обороны РФ Сергей Шойгу во время осмотра экспозиции выставки вооружений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Вазири дифои Русия гуфт, ки барои ислоҳи вазъ дар Афғонистон чораҳои фаврӣ заруранд
ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Сергей Шойгу аз кишварҳои ҳамсоя бо Афғонистон ва созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, ки ба вазъи ин кишвар диққати ҷиддӣ диҳанд, менависад РИА Новости.
Вазири дифои Русия, дар Конфронси Маскав оид ба амнияти байналмилалӣ гуфт, ки барои ислоҳи вазъ дар Афғонистон чораҳои фаврӣ заруранд.
"Бояд иқрор шуд, ки дар тӯли 20 соле, ки нерӯҳои эътилофи Ғарб дар ин кишвар ҳузур доштанд, натавонистанд ба натиҷаҳои назаррас расанд" - гуфт ӯ.
Шойгу таъкид кард, ки барои ислоҳи вазъ дар Афғонистон чораҳои фаврӣ ва ҳамкории зичи байнулмилалӣ зарур мебошад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон провел встречу с главами делегаций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи низомиву сиёсии Афғонистон
Сергей Шойгу аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва созмонҳои байналмилалӣ даъват кард, ки ба вазъи Афғонистон диққати ҷиддӣ диҳанд ва қайд кард, ки хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон метавонад боиси сар задани ҷанги нави шаҳрвандӣ дар ин кишвар шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби СПАД низ қадамҳои зарурӣ оид ба баланд бардоштани қобилияти мудофиавии кишварҳои узви созмон қабул карда мешаванд.
Шойгу даъват кард, ки имкониятҳоли Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар он ҳамаи кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, аз ҷумла Покистон ва Эрон аъзо мебошанд истифода карда шавад.
Низомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
КДАМ дар бораи ҳамлаи "Толибон" ва фирори беш аз 100 низомии афғон ба Тоҷикистон
“Бидуни ҳамкорӣ бо Исломобод ва Теҳрон печидагиҳои Афғонистонро ҳал кардан ғайриимкон аст", - хулоса кард Сергей Шойгу.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала