Тоҷикистон тасмим дорад ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо СҲШ тақвият диҳад

© Минэконом развития и торговли РТЭкономическом форуме Шанхайской Организации Сотрудничества в Душанбе
Экономическом форуме Шанхайской Организации Сотрудничества  в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Тоҷикистон ҳиссаи савдои хориҷиро бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) то 61 фоиз афзоиш додааст, ки бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвар Русия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб мераванд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии СҲШ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, таъкид дошт, ки дар шароити кунунии ҷаҳонӣ тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар фазои СҲШ ниҳоят зарур мебошад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ дар форуми мазкур иброз гардидааст, ки солҳои охир минтақаи СҲШ дар соҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия ба пешрафти чашмрас ноил гардидааст, аммо дар ин самтҳо ҳанӯз ҳам имкониятҳои зиёди истифоданашуда мавҷуданд.
Министр экономического развития РФ Максим Решетников  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Решетников далели фалаҷ нашудани иқтисоди кишварҳои СҲШ дар замони пандемияро гуфт
Вобаста ба ин Завқӣ Завқизода таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки паркҳои текникӣ ва технологияҳои рақамӣ бо кумаки СҲШ, аз ҷумла дар минтаҳаҳои озоди иқтисодӣ, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияи иттилоотӣ, рушди инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва содагардонии расмиёти савдоро дар фазои СҲШ тавсия дод.
Иттилоъ дода шуд, ки савдои электронӣ тақрибан 20 фоизи савдои ҷаҳониро ташкил дода, тибқи арзёбии коршиносони соҳа он то соли 2025 то 25 фоиз афзоиш меёбад.
Дар Форум вазирон ва намояндагон аз кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ оид ба густариши ҳамкории муштарак дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия изҳори назар карданд ва омодагии худро барои ҳарчӣ бештар тақвият додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СҲШ иброз доштанд.
Сотрудники банка в офисе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Бонкҳои рушди СҲШ стратегияи нави ташкилотро таҳия мекунанд
Қайд карда шудааст, ки дар охири форум бо мақсади ҳарчӣ бештари тақвияти ҳамкории минбаъда дар самтҳои зикршуда, дар доираи СҲШ аз ҷониби иштирокчиёни Форум “Эъломияи Душанбе” қабул гардид.
Дар форум вазирон ва намояндагон аз кишварҳои аъзо ва нозири СҲШ- Русияя, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Озарбойҷон, Эрон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала