Вазири рус дар Душанбе ба муқобила бо “ҳомигарии сабз” даъват кард

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузариш ба медиабонкМаксим Решетников. Архивное фото
Максим Решетников. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Обуна шудан
Максим Решетников аз кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) даъват кард то сиёсатҳои тиҷориро барои муқобила бо "ҳомигарии сабз" ҳамоҳанг кунанд
ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Вазири рушди иқтисоди Русия, ки дар ҷаласаи умумии Форуми иқтисодии СҲШ таҳти унвони “Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва навовариҳо" дар шаҳри Душанбе суҳбат мекард, гуфт, зуҳуроти “ҳомигарии сабз” аз сӯи теъдоде аз кишварҳо ниёз ба ҳамоҳангии сиёсатҳои тиҷории кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дорад.
Вазир гуфт, дастури кори иқлимӣ дар ҳоли табдил шудан ба муҳаррики таҳаввулоти фановарӣ аст ва он тиҷорати байнулмилалӣ, бахшҳои мухталифи истеҳсолот ва соҳаи молияро таҳти таъсир қарор хоҳад дод, ки коҳиши асари карбони маҳсулот дар ҳоли табдил шудан ба яке аз бартариҳои рақобатӣ аст.
"Барои Русия ин як чолиш ва як фурсат барои тавсеаи “саноати сабз”, энергетика ва ҳамлу нақли электирикӣ аст. Тарҳҳо барои коҳиши партовҳо, аз ҷумла тарҳҳои ҷазби газҳои гулхонаӣ иҷро шаванд. Аввал аз ҳама, таҷдиди ҷангалҳо. Ҳамчунин бахши нафту газро бояд тағйир дод ва равишҳои ESG-ро паҳн кард", - гуфт Максим Решетников.
Министр экономического развития РФ Максим Решетников - Sputnik Тоҷикистон
Максим Решетников
Вазири рушди иқтисоди Русия
Вай гуфт, дар айни ҳол, Русия нигарон раванди рӯ ба рушд “ҳомигарии сабз” аст ва имрӯз мо мебинем, ки чӣ гуна унсурҳои алоҳидаи “масири сабзи Аврупо” ба монеаҳои тиҷорӣ табдил мешаванд.
“Раванди сабзи Иттиҳодияи Аврупо метавонад мунҷар ба маҳдудияти қобили таваҷҷуҳе дар тиҷорат на танҳо дар маҳсулоти саноатӣ, балки дар маҳсулоти кишоварзӣ низ шавад. Ин метавонад бар содироти тамоми кишварҳои узви СҲШ таъсир бигузорад. Бинобарин, бисёр муҳим аст, ки сиёсатҳои тиҷории мо ҳамоҳанг ва аввал аз ҳама аз институтҳои фаромиллӣ ва абзорҳои назоратӣ истифода шавад", - афзуд вазири рушди иқтисоди Русия.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Решетников роҳи осони дарёфти кор ба муҳоҷиронро нишон дод
Вай гуфт, илова бар ин, барои ин ки аз ҳомигарӣ ва маҳдудиятҳои таҳрим вобаста набошем, акнун бояд саҳми тасвияи ҳисобҳоро бо арзҳои миллӣ афзоиш диҳем.
“Лозим аст ҳар чӣ сареътар коркарди Нақшаи роҳи СҲШ такмил шавад. Маҳз он шароити лозимро барои фаъолияти ин низом эҷод мекунад", - гуфт Максим Решетников.
Дар поёни суханронии худ вазири рушди иқтисоди Русия ширкаткунандагони ин нишастро ба Форуми раисони манотиқи Созмони ҳамкории Шонгҳой даъват кард, ки имсол дар шаҳри Челябински Русия баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0