Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Вазорати тандурустӣ омори нави теъдоди гирифторони коронавирусро нашр кард

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в Душанбе
Люди в масках в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳуриро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз ба 18 нафар расида, дар умум ба 13358 нафар баробар шудааст.
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмие, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар он хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Открытие пунктов вакцинации в торговых центрах Екатеринбурга - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Чаро эмгирифтаҳо дубора маризи коронавирус мешаванд: Аграновский сабабашро гуфт
Ин дар ҳолест, ки 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда буд.
Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала