“Да Амударя де!” - Толибон* сари пули Шерхон Бандар-Панҷи поён - видео

© AFP 2021 / JAVED TANVEERБоевики движения "Талибан", архивное фото
Боевики движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Ахиран наворе пайдо шуд, ки ду сарбози Толибон* болои пул ба самти Тоҷикистон қадам мезананд
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Як наворе аз Толибон (мамнуъ дар Русия) дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ки дар он сарбозони толиб сари пули бузургтарин миёни Тоҷикистону Афғонистон сайругашт доранд
Дар ин наворе, ки ҳамагӣ 14 сония тӯл мекашад, ду сарбози Толибон* дида мешаванд, ки болои пул ба самти Тоҷикистон қадам мезананд ва оне, ки наворбардорӣ мекунад, ба касе ба забони пашту гузориш медиҳад.
“Ҳоҷӣ соҳиби муҳтарам, ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу! Ин пули Шерхон Бандар аст, ки байни Тоҷикистону Афғонистон аст ва рӯбарӯй, ки кадом ободӣ маълум мешавад ва кадом баландманзил маълум мешавад, Тоҷикистон аст ва дарёи Ому мебошад!” – мегӯяд ӯ.
Бандари Шерхон рӯзи душанбе, 21 июн, соати 19:00 аз сӯи ҷангиёни ҳаракати "Толибон" *(мамнӯъ дар Русия) мавриди ҳамла қарор гирифта, субҳи рӯзи 22 июн ба дасти онҳо афтод.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки 134 хизматчии ҳарбии нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон ба муқовимат тоб наоварда, сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур намуда, ҷон ба саломат бурданд.
Бино ба ин манбаъ, дар даргирии Шерхон-Бандар ҳудуди 100 сарбози афғон захмиву кушта ё асир афтодаанд.
Пули миёни Тоҷикистону Афғонистон рӯи дарёи Ому сохта шуда, минтақаи Панҷи Поёни вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо Бандари Шерхони вилояти Кундузи Афғонистон васл мекунад ва бузургтарини пули мувосилотии ду кишвар аст. Он 672 метр тӯл ва 11,6 метр бар дорад Он бо 40 миллион доллари нерӯҳои муҳандисии Амрико сохта шуда, тарҳаш аз сӯи ширкати итолиёнии Rizzani de Eccher сохта шудааст.
27 августи соли 2007 дар расми ифтитоҳи ин пул президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти вақти Афғонистон Ҳомид Карзай ва вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Карлос Гутерес ширкат доштанд. Ҳадаф аз сохтани ин пул эҷоди як масири собит ва ҳамешагии тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистону Осиёи Ҷанубӣ буд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки дар Русия ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала