Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Оё пеш аз эмкунӣ аз COVID ташхиси антитела зарур аст?

Вакцинация медсетра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Мувофиқи гуфтаи мутахассисон, мавҷудияти сатҳи баланди антитела барои ваксинзанӣ монеа нест
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ситоди оперативии Маскав гуфт, ки санҷиши антитела пеш аз эмкунӣ аз COVID тавсия дода намешавад ва зарур ҳам нест.
Тибқи иттилои ситод, пеш аз эмгузаронӣ, корманди соҳаи тиб муоинаи стандартӣ мегузаронад, санҷиши махсус талаб карда намешавад.
Ситод ҳамчунин бо такя ба коршиносон гуфт, мавҷудияти сатҳи баланди масъуният барои эм накардан, сабаб шуда наметавонад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аз моҳи январ то моҳи июн ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт нашуда буд.
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Карантин ва ваксинзании сартосарӣ: дастури Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ аз вируси корона
Вале, ахиран Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз 21 июн мавҷуд будани вируси COVID - 19 дар ҷумҳуриро тасдиқ кард. Ҳарчанд расонаҳои дохилӣ ва худи сокинон қаблан аз бурузи дубораи ин маризӣ хабар дода буданд.
Аҳмадзода аз омори коронавирус дар Суғд гуфт: илтиҳоби шуш зиёду коронавирус кам
Ҳоло дар Тоҷикистон дасти кам 50 нафар ба коронавирус мубтало гардидаанд. Рӯзи гузашта боз 18 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Тибқи омори Вазорати беҳдошт, ки се рӯзи ахир нашр гардидааст, ҳоло ягон мавриди фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабт нагардидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала