Бо хоҳиши худ: Ғайраталӣ Мираҳмадов аз мақомаш истеъфо дод

© ФФТКубок Таджикистана - 2020
Кубок Таджикистана - 2020  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Сармурабии дастаи футболи шаҳри Кӯлоб вазифаашро тарк кард
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ғайраталӣ Мираҳмадов сармураббии дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб аз вазифааш истеъфо дод.
Дар ин бора даста дар саҳифаи расмиаш хабар додааст. Гуфта мешавад, ки Мираҳмадов бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст.
КУБОК АФК-2021: Худжанд обыграл ошский Алай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
"Хуҷанд" бо ғалабаву "Равшан" бо бохт иштироки худро дар Ҷоми КФО хотима доданд
Бино ба гузориши ФФТ, дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии ин мутахассиси тоҷик мавсими гузашта роҳхати Лигаи олӣ ва Ҷоми КФО-2020-ро ба даст оварда буд.
Зебо ва ҷаззоб: 12 акси духтарони нозанин - ҳаводорони Ҷоми Аврупо - 2020
Инчунин ин тим таҳти сарпарастии Ғайраталӣ Мираҳмадов дар мавсими гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд.
Гиряву хандаи футболбозон: 16 акси ҷолиб аз Ҷоми Аврупо - 2020
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб пас аз бозиҳои даври даҳуми Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадавали гурӯҳ бо ба даст овардани 12 имтиёз дар мақоми чорум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала