Маълум шуд, Ҷабборов пеш аз сафар ба Тоҷикистон бо кӣ мулоқот мекунад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото
 Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пеш аз сафар ба Тоҷикистон аз Ишқобод боздид мекунад
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ пеш аз боздид аз ТОҷикистон, ба Туркманистон меравад, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти кишвардори Қирғизистон.
Қаблан Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки Ҷабборов рӯзҳои 28-29 июн ба Тоҷикистон меояд.
Дастгоҳи президент гуфт, ки қабл аз он, рӯзҳои 27-28 июн, боздид аз Ишқобод сурат мегирад.
Президент Кыргызстана Садир Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
Ҷабборов бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов музокироти дуҷониба анҷом хоҳад дод.
Сарони давлатҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ мекунанд.
Баъдан, рӯзҳои 28-29 июн Ҷабборов ба Тоҷикистон рафта, дар он ҷо бо сарвари ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Президент Садыр Жапаров на церемонии официальной встречи с Президентом Турции Реджепом Тайипом Эрдоганом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Гаҳе зери чатри Эрдуғону гаҳе зери борон: видеои истиқболи Ҷабборов дар Туркия - навор
Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла масъалаҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0