Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Карантин ва ваксинзании сартосарӣ: дастури Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ аз вируси корона

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе муваззаф шуданд, ки ашхоси аз хориҷа ба Тоҷикистон воридшударо карантин кунанд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе талаботҳои нав барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона ҷорӣ мешаванд.
Ҳамин тавр, сохторҳои тандурустии шаҳр, вазифадор гардиданд, ки маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳрро бар зиддӣ COVID-19 пурзӯр намуда барои таъминоти беморхонаҳо бо дору тадбирҳои муассир андешанд.

"Ҷиҳати аз ташхис гузаронидан ва ба карантин фаро гирифтани шахсоне, ки аз хориҷа ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, чораҳои амалӣ андешида, дар ҳамкорӣ бо корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маводҳои безараргардониву беҳдоштиро афзун намоянд", - дастур додааст Рустами Эмомалӣ.

Ин дасуру супоришҳоро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ 23 июн дар ҷаласаи корӣ ироа кардааст.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони сохтору ниҳодҳои дахлдор дастур додааст, ки хона ба хона гашта дар муассисаҳои томактабӣ, тандурустӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, театр, кинотеатр, марказҳои савдо, бозорҳои истеъмолӣ, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷаъмиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
"Ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо чораҳои қатъиро амалӣ намуда, баҳри риояи меъёрҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва чораҳои безараргардонӣ тадбирҳои судманд андешанд".
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки аз роҳбароини тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ риояи меъёрҳои беҳдоштиро қатъиян назорат намоянд.
Дар ин росто, бо супориши Рустами Эмомалӣ барои иҷрои ин супоришҳо, дар назди Раёсати тандурустии шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад.
Открытие мечетей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Оҷил: тӯю маъракаҳо манъ, масҷидҳо баста мешаванд? – қарори Ситод
Ёдрас мешавем, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ, рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дубораи COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ теъдоди гирифторони ин вабои аср дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст.
Ҳамин тавр, давоми се рӯз дар Тоҷикистон 50 нафар гирифтори вируси корона шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала