Баргузории нахустин Олимпиадаи арифметикаи менталӣ дар Тоҷикистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаШкольники на уроке за партами
Школьники на уроке за партами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Натиҷаи озмун 25 июни соли равон дар муассисаи мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибон бо “Ифихорнома” ва туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Дар Тоҷикистон бори нахуст Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ бо иштироки 130 нафар кӯдакон аз кишварҳои СҲШ баргузор гардид.
Олимпиада имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ ба муносибати раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гадид, хабар медиҳад "Ховар".
III Школьная олимпиада НУР 2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Дар олимпиадаи Англия 6 толибилм аз Хуҷанд медали тилло гирифтанд
Олимпиадаи байналмилалӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи STEEM — таҳсилоти Империяи дониш ташкил карда шуд.
Дар озмун зиёда аз 130 нафар кӯдакон аз кишварҳои СҲШ иштирок карданд.
Мусобиқоти зеҳнии Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ имкон медиҳанд, ки омилҳои ҳамкории судмандро, ки дар консепсияи мавҷудият ва фаъолияти СҲШ ҷой дода шудаанд, татбиқ гардад.
Натиҷаи озмун 25 июни соли равон дар муассисаи мазкур ҷамъбаст гардида, ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи менталӣ бо “Ифихорнома” ва туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала