Номгузории кӯчае ба номи Ҳасани Муродиён дар Бохтар

© facebook/Зокир ҲасанПрофессор Ҳасани Муродиён
Профессор Ҳасани Муродиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Маҷлиси вакилони Бохтар яке аз кӯчаҳои маҳаллаи "Истиқлол" – и шаҳрро ба номи марҳум профессор Ҳасани Муродиён, омӯзгор ва муҳаққиқи тоҷик номгузорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Номгузорӣ шудани кӯча аз ҷониби як гурӯҳ сокинон ва устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хурсав пешниҳод шуда, маҷлиси вакилони халқи шаҳр онро ҷонибдорӣ намуд.
Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар дар ҳузури вакилон зикр кард, ки Муродиён муҳаққиқи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, таърихи маориф ва давлатдории навини тоҷикон, саромӯзгор, рӯзноманигор мебошад, ки даҳҳо унвону ҷоизаҳо дорад.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Даргузашти коргардони маъруфи тоҷик Ёрмаҳмад Аралев
Аз ҷумла Ҳасан Муродиён, аълочии маориф, фарҳанг ва матбуот, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Конфедератсияи байналмилалии журналистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, корманди шоистаи Тоҷикистон, ҷоизадори медали “Барои меҳнати шоён”, умумииттифоқии ба номи Н.К. Крупская, “Муаллими методист”, “Олими сол – 2006”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, мартабадори ҷоизаҳои ба номи Ҷалолиддини Балхӣ дар бахши адабиётшиносӣ ва ба номи Соҳиб Табаров ва барандаи дигар ҷоизаю унвонҳо мебошад.
Дар ҳолномаи расмии Муродиён зикр шудааст, ки корро аз мактаби миёнаи №33-и ноҳияи Вахш ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик оғоз карда, дар ҳамин муассиса ба ҳайси муовини директор ва директор фаъолият кардааст. Соли 1992 ба ДДБ ба номи Носири Хусрав даъват шуда, ҳангоми ба ҳайси омӯзгор, саромӯзгор, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва махсусан, ноиби ректор оид ба илм кор кардаст.
Ҳасани Муродиён сентябри соли 1958 дар ноҳияи Вахш таваллуд шуда, 8 ноябри соли 2020 даргузашт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала