Омодагиҳо дар Тоҷикистон ба сафари Ҷабборов: Вазорат хабарнигоронро номнавис мекунад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция С. Жапарова по итогам выборов в Киргизии
Пресс-конференция С. Жапарова по итогам выборов в Киргизии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон шарту шароити номнавис кардани хабарнигорони хориҷ ва дохилро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сафари раисҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон ҳафтаи оянд дар назар аст.
Бар иттилои вазорат, Ҷабборов рӯзи 28 июн бо сафари расмӣ озими Тоҷикистон мешавад ва то 29 июн меҳмон хоҳад шуд.
Дар робита ба омодагиҳо дар мамлакат барои ташрифи роҳбари Қирғизистон, котиботи Вазорати умури хориҷа менависад, ки номнависи хабарнигорони хориҷу дохил оғоз гардидааст.
Президент Кыргызстана Садир Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
Манбаъ меафзояд, намояндагони ВАО, ки хоҳишманди иштирок дар пӯшиши иттилоотии ин чорабинӣ ҳастанд, метавонанд то соати 15:00, рӯзи 25 июн ба раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорат дархост ироа кунанд.
Ҳамчунин, вазорат мегӯяд, намояндагони ВАО - и ватанӣ ва хориҷӣ, ки дар Вазорати умури хориҷа аккредитатсия доранд, бояд ному насаб, вазифа, номи расона, аксу суроғаи электрониро ба ин ниҳод ирсол кунанд.
Зимнан, расонаҳое, ки дар вазорати мазкур парвона надоранд, бояд аз номи роҳбарият ба вазорат номаи расмӣ бо замимаи рӯйхати аъзои ҳайат, вазифа ва таҷҳизоти техникӣ ирсол намоянд.
Бояд гуфт, феълан маълум нест, ки дар ҷараёни ин сафар кадом масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0