Пешниҳоди нахуствазири Покистон барои ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон

© POOL / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Пакистана Имран Хан
Премьер-министр Пакистана Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Имрон Хон, нахуствазири Покистон барои поёни ҷанг дар Афғонистон пешниҳоди ташкили ҳукумати эътилофиро дар ин кишвар додааст
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Имрон Хон гуфт, бояд тафоҳуми сиёсӣ дар Афғонистон шакл гирад ва ҳукумати эътилофӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз хунрезии бештар ташкил шавад, ки Толибон (мамнӯъ дар Русия) дар он саҳм дошта бошанд.
Вай афзуд бо ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон метавон умедвор буд, ки хушунату куштор дар ин кишвар поён хоҳад ёфт.
Имрон Хон бо ибрози нигаронӣ аз хатари дар гирифтани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон гуфт, ки агар Толибон дар паи тасарруфи комили ин кишвар бошад, хунрезии боварнакарданӣ ба вуқуъ хоҳад пайваст.
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Имрон Хон: ҷанги амрикоиҳо дар Афғонистон ба Покистон даҳҳо миллиард доллар зарар овард
Давлати Афғонистон борҳо эълом карда мушорикати Толибон дар арсаи қудрат танҳо аз масири баргузории интихобот ва овоздеҳӣ гузар мекунад.
Муҳамад Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистони борҳо эълом кард, ки омодагӣ дорад дар раванди қонунии баргузории интихобот бо ҳадафи кумак ба барқарории сулҳи доимӣ дар ин кишвар аз қудрат канорагирӣ кунад ва бар асоси назари мардум қудратро ба фарди пирӯз дар интихобот вогузор кунад.
Лентаи хабарҳо
0