Қоидаҳои нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия: як гурӯҳ роҳ дода намешаванд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкСитуация у миграционного центра в Подмосковье
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Талаботҳои нави вуруд ба истиснои шаҳрвандони Белорус ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла - зодагони Тоҷикистон дахл дорад
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар Русия қонуни наве тасвиб шуд, ки муҳоҷиронро муваззаф мекунад ҳангоми вуруд аз муоинаи тиббӣ, гузашта сабти изи ангушт кунанд.
Шӯрои Федератсияи Русия бастаи қонунҳоеро тасдиқ кард, ки санҷиши ҳатмии саломатии муҳоҷиронро талаб мекунад, менависад "Известия".

Акнун ҳамаи хориҷиёне, ки бо мақсади кор ба Федератсияи Русия ворид мешаванд, дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ пас аз убури марз бояд аз қайди дактилоскопӣ, ташхиси тиббӣ гузаранд ва аксбардорӣ кунанд.

Ҳамзамон, агар ҳадафи муҳоҷир кор набошад, бояд ҳамаи расмиётро дар муддати 90 рӯз иҷро кунад.
Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия дар бораи фармони нави Путин дар бораи муҳоҷирон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Депорт манъ, “афв” то сентябр, тамдид то июн: шарҳи ҷузъиёти фармони нави Путин - видео
Гурӯҳи муайяни шаҳрвандони хориҷӣ аз ин расмиёт озод карда шудаанд: инҳо кӯдакони то 6-сола ва шаҳрвандони Белорус мебошанд.
Он муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар онҳо бемории сироятии ВНМО ё дигар бемориҳои хатарнок, инчунин нашъамандӣ ташхис карда мешавад, аз кишвар хориҷ карда мешаванд.
Интизор меравад, ки қабули чунин қонун сатҳи амнияти санитариро баланд бардошта, ба яке аз унсурҳои таҳкими амнияти миллии Русия табдил меёбад.
Лентаи хабарҳо
0