Қутбиддинов, декани навтаъйини факултаи журналистикаи ДМТ рисолаи докторӣ ҳимоя кард - акс

© facebook/Эҳсони ХушбахтАбдулмумин Қутбиддинов, декани факултаи журналистикаи ДМТ ҳангоми ҳимояи рисолаи докторӣ
Абдулмумин Қутбиддинов, декани факултаи журналистикаи ДМТ ҳангоми ҳимояи рисолаи докторӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Абдулмуъмин Қутбиддинов, яке аз омӯзгорон ва пажуҳишгарони шинохтаи риштаи журналистика дар Тоҷикистон рисолаи докторияшро ҳимоя кард
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Абдулмуъмин Қутбиддинов, ки ахиран ба мақоми декани факултаи журналистикаи Тоҷикистон таъйин гардид, рисолаи докторияшро ҳимоя намуд.
Аз рафтаи ҳимояи рисолаи доктории Қутбиддинов Абдулмуъмин дар мавзӯи "Хусусиятҳои мундариҷавию жанрии публитсистикаи бадеии матбуоти маҳаллии Тоҷикистон дар мисоли нашрияҳои "Шаҳриёр" ва "Набзи Файзобод" Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар саҳифааш гузориш додааст.
Мушовири илмии Қутбиддинов, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон мебошад.
Абдулмуъмин Қутбиддинов дар мақоми декани факултаи журналистикаи ДМТ Саъдӣ Маҳдиро иваз намуд, ки моҳи марти соли равон директори муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" таъйин гардид. Маҳдӣ дар мақоми мудири Академияи ВАО, Исмоилзода Зинатуллоҳро иваз намуд, ки дар навбати худ мудири муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат" таъйин гардид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала