Аз тиҷорат то фарҳанг: Ёқутистону Тоҷикистон ҳамкориҳоро густариш медиҳанд

© REUTERS / DENIS BALIBOUSEПрезидент Джо Байден и президент России Владимир Путин обмениваются рукопожатием
Президент Джо Байден и президент России Владимир Путин обмениваются рукопожатием  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск ба мақомоти Ёқутистон пешниҳод кард ҳаҷми ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро бо Тоҷикистон рушд диҳанд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ахиран Айсен Николаев, роҳбари Ёқутистон бо консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Давлатхоҷа Ятим дидору мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ёқутистонро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд.
Ҳамчунин зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатиро низ баррасӣ намуданд.
Роспотребнадзор ввел всеобщий масочный режим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2021
Дар Ёқутистон кор барои муҳоҷирон дар 33 бахш маҳдуд шуд
Роҳбари Ёқутистон зимни мулоқот қайд намудааст, ки диаспораи тоҷикон дар минтақа фаъолона амал мекунад, ва ташаббусҳоеро, ки ба таҳкими сулҳу ризоият байни миллатҳо, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ равона шудаанд, амалӣ менамояд.
“Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон фаъолона корҳои хайриявӣ анҷом медиҳад, аз ҷумла, ба оилаҳои камбизоат ва мактаби Марха ҳамаҷониба кӯмак мерасонад”, - гуфт Айсен Николаев.
Дар навбати худ Давлатхоҷа Ятим ба роҳбарияти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) барои омодагӣ ба тавсеаи самтҳои ҳамкориҳои минбаъдаи байниминтақавӣ бо Тоҷикистон дар соҳаи савдо ва иқтисодиёт, дар масъалаҳои таъминоти мутақобилаи маҳсулот изҳори сипос кард.
Консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск иқтидори азими иқтисодии Ёқутистонро эътироф кард ва ба афзоиши ҳаҷми ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала