Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Вазорат: шабонарӯзи гузашта боз 13 нафар гирифтори коронавирус шуданд

© REUTERS / DANISH SIDDIQUIЛечение больных с коронавирусом
Лечение больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз ба 13 нафар расида, дар умум ба 13371 нафар баробар шудааст.
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмие, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар он хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки 22 июн 15 ҳолат ва 23 июн 18 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда буд.
Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Аҳмадзода аз омори коронавирус дар Суғд гуфт: илтиҳоби шуш зиёду коронавирус кам
Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала