Аҳмадзода раисони шаҳру ноҳияҳоро ба Тошканд бурд: мақсади сафар дар чист?

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Музаффар Юнусоф, сардори Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд, бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сафари Аҳмадзода ба Тошканд 24 июн оғоз шуда, қарор аст ду рӯз идома ёбад.
Аҳмадзодаро, Шарифзода, Давлатзода ва Нуъмонзода, раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров ва Спитамен ва инчунин роҳбарони идораҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамроҳӣ мекунанд.
“Қарор аст, имрӯз дар Тошканд мулоқоти раисони Суғд бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ва саноати Ӯзбекистон баргузор гардад. Дар доираи ин сафар ҷонибҳо дар бораи беҳтар намудани парвариши пахта ва коркарди он, рушди ҳамкорӣ дар бахши саноат табодули таҷриба мекунанд”, - гуфт Юнусов.
Сафари раисони Суғд ба Тошканд баъд аз 15 рӯзи сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Рӯзи 10 июн кишвардори Ӯзбекистон бо як сафари дурӯза ба Тоҷикистон сафар кард ва аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд боздид намуд. Дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд, Мирзиёевро худи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Производство ковров в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Тоҷикистон мехоҳад "Қолинҳои Қайроққум" - ро ба Ӯзбекистон фурӯшад
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон музокироти сатҳи олӣ баргузор карда, ҳамчунин 9 санади нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, аз иқтисод то фарҳангу амниятро имзо карданд.
Алҳол теъдоди корхонаҳои муштарак бо Ӯзбекистон тайи се соли ахир 8 маротиба афзуда, ба 200 адад расидааст.
Яке аз ин корхонаҳои муштарак, ки дар Душанбе ба тавлиди электроникаи маишӣ машғул аст, "Артел Авесто Электроникс" буда, муваффақтарини ширкатҳои муштараки ду кишвар ба шумор меояд. Ҳаҷми гардиши мол тайи шаш соли охир миёни ин ду ҳамсоякишвар сӣ баробар афзуда, ба 500 миллион доллар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0