Амрико мехоҳад як қисм низомиёни худро дар Афғонистон боқӣ гузорад

© Фото : U.S. Army / Sgt. Nicole PaeseАмериканские военнослужащие в Сирии, архивное фото
Американские военнослужащие в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Ҳукумати Амрико ният дорад, як қисм низомиёни худро аз хоки Афғонистон берун накунанд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ният дорад, ки пас аз хуруҷи қисмати асосии контингенти худ аз ин кишвар як қисми низомиёнашро дар Афғонистон боқӣ гузорад, хабар медиҳад The Associated Press.
Мақомоти ИМА аз 650 хизматчии ҳарбии худ мегӯянд, ки бояд дар Афғонистон бимонанд.
Манбаъ меафзояд, ин тадбир барои таъмини амнияти дипломатҳо пас аз хуруҷи қисми асосии нерӯҳои амрикоӣ ба назар гирифта шудааст.
Военные Афганистана на месте боестолкновения с боевиками Талибана в провинции Кундуз, Афганистан 22 июня 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Коршинос гуфт, давлати Афғонистон баъд аз чанд моҳ пас аз хуруҷи Амрико суқут хоҳад кард
Илова бар ин, барои кумак ба нерӯҳои Туркия, мақомоти ИМА интизор доранд, ки боз чандсад сарбози амрикоӣ дар Афғонистон дар фурудгоҳи Кобул барои чанд моҳ нигоҳ дошта шаванд.
Дар ҳамин ҳол, қарор аст Амрико то 4 - уми июл қисмати асосии нерӯҳояшро аз Афғонистон берун кунад.
Ёдовар мешавем, ки Амрико низомиёни худро моҳи октябри соли 2001 вориди Афғонистон кард ва аз соли 2010 то 14 шумораи умумии низомиёни Амрико дар Афғонистон ба 150 ҳазор нафар расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала