“Ҷабҳаи эмкунӣ”: ҳама ваксина мегиранд, ба ҷуз ҳомиладорон

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкВакцинация препаратом "КовиВак"
Вакцинация препаратом КовиВак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, 2,6 фисади афроди воҷиби эм ваксина гирифтаанд. Ҳам аз “АстраЗенека” – и аврупоӣ ва ҳам аз “КоронаВак” – и чинӣ.
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раванди ваксиназанӣ дар кишвар рӯзҳои ахир ҷон гирифта, мардум фаъолтар шудаанд.
“Дар қиёс бо моҳҳои апрелу май ва нимаи моҳи равон, зоҳиран, мардум ба аҳамияти ваксина пай бурда, муроҷиати онҳо ба марокизи саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ зиёд шудааст”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Ваксиназанӣ дар Тоҷикистон 22 марти соли равон бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати кишвар шуруъ шуда, дар навбати аввал қишрҳои осебпазири ҷомеа, назири кормандони соҳаи тиб, маориф, афроди аз 60 - сола боло, кормандони ниҳодҳои муҳими иқтисодӣ ва дигарон бояд ваксина шаванд.
Деньги с защитной маской - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
БОР ва Тоҷикистон Созишномаи грантӣ барои хариди ваксина ба имзо расониданд
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон 5,8 миллион нафар афроди воҷиби эм зиндагӣ мекунанд, аммо на ҳамаи онҳо метавонанд ваксина гиранд. Ба гуфтаи сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, занҳои ҳомила аз ин маърака берун хоҳанд монд.
“Онҳо набояд ваксина гиранд, зеро ба саломатии худу тифли батнашон метавонад зиён расад. Тибқи омор, солона дар Тоҷикистон ҳудуди 200 до 240 ҳазор зан дар марҳалаи ҳомиладорӣ мебошанд”, - гуфт Наврӯз Ҷафаров.
Тоҷикистон ҳанӯз моҳи марти соли равон 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca – и сохти Аврупоро бо мусоидати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ аз Ҳиндустон ва 20 июн ҳудуди 300 ҳазор воя ваксинаи чинии "CoronaVac" – ро ворид карда буд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар ҳоли ҳозир 143 ҳазору 960 нафар бо ваксинаи "АстраЗенека" эм шудаанд, ки аз ин шумора 17 ҳазору 719 нафар, асосан кормандони тиб , ду воя гирифтаанд.
Флаконы с вакциной CoronaVac, разработанной китайской фирмой Sinovac - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксин алайҳи коронавирусро дастрас кард
Ҳоло 740 вояи “АстраЗенека” дар анбори ҷумҳуриявӣ ва 33 ҳазору 530 воя дар дасти мутахассисони марокизи саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии саросари кишвар аст, ки дар маҷмуъ 34 ҳазору 270 воя ё зарф мебошад.
Бино ба ин манбаъ, 9 ҳазору 143 нафар дар шаҳри Душанбе бо ваксинаи “КоронаВак” – и Чин эм шуда, теъдоди умумии ваксинашудагон дар Тоҷикистон ба 153 ҳазору 103 нафар расид.
Лентаи хабарҳо
0