Эмомалӣ Раҳмон зери 5 қонун имзо гузошт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Қонунҳое, ки кишвардори Тоҷикистон имзо гузошт, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, рушди соҳаи илм ва беҳбуди зиндагии мардумро дар бар мегиранд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як қатор қонунҳои қабулшуда аз ҷониби парлумонро имрӯз имзо кард.
Тибқи иттилои котиботи президент, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зери қонунҳо “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” имзо гузошт.
Ҳамзамон, роҳбари давлат, ба қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” имзо гузоштааст.
Ба иттилои манбаъ, Қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии соҳаҳои номбурдаро танзим намуда, барои рушду густариши онҳо заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.
Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2021
Қонуни ҷадид: барои додани маълумоти дурӯғ барканорӣ аз мақом пешбинӣ шудааст
Тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридгардида ба такмили сохтори мақомоти дахлдори давлатӣ, пешрафти фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа нигаронда шудааст, таъкид кардааст котиботи президент.
Зикр мегардад, қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала