Дар Фаронса зане дар дохили фаввора бо 50 ҳазор евро оббозӣ кард

© Алексей ФилипповЖенщина у фонтана, архивное фото
Женщина у фонтана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Дар фаввораи майдони марказии шаҳри Дижон моҳигирии ғайриодӣ ташкил карда шуд. Маблағи сайд 44 770 евро, асосан 20 ва 50 евроӣ
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Як сокини Фаронса ба фаввораи майдони марказии Дижон тақрибан 50 ҳазор евро рехт, пулис ва наҷотбахшон маҷбур шуданд пулҳоро бо тӯрҳо бигиранд, хабар медиҳад нашрияи маҳаллии Bien Public.

"Моҳигирии ғайриодӣ рӯзи панҷшанбе дар фаввораи майдони марказӣ ташкил гардид. Як нафар дар иҳотаи қариб 50 ҳазор евро оббозӣ мекард. Пулро бо ёрии тӯрҳо кашиданд", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сайди умумӣ аз дохили фаввора 44 770 евро, ки асосан бо купюраҳои 20 ва 50 евроӣ буд, ташкил дод.
Қайд карда мешавад, ки амалиёт сарфи назар аз хандаовар буданаш, талошҳои зиёди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро талаб кард.
Шабнам Сурайё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Долларчошӣ барои рақси Шабнами Сурайё дар Ню-Йорк: видео
То ҳол маълум нест, ки зани 51-сола дар кадом ҳолат пулҳоро ба фаввора рехтааст.
Тибқи иттилои нашрия, ин зан гирифтори бемории рӯҳӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0