Дар Хатлон беҳтарин донандагони "Тоҷикон"-ро аз миёни ҷавонон муайян карданд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузаштан ба хазинаи аксСтуденты МГУ перешли на дистанционное обучение
Студенты МГУ перешли на дистанционное обучение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Озмун бо мақсади таҳким бахшидани донишу малакаи хонандагони макотиби олӣ ва миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ чунин озмунҳо ташкил ва гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Хатлон беҳтарин донандагони "Тоҷикон"-ро аз миёни ҷавонон муайян карданд, гузориш медиҳад "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, даври сеюми маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Нақши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ" миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид.
Дар озмуни мазкур беш аз 25 нафар иштирок намудаанд.
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони ноҳияи Мурғоб тақдим гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2021
Тақдими китоби "Тоҷикон" ба 3000 хонаводаи ноҳияи Сангвор
Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҷойи якум Мунира Бобоева аз шаҳри Кӯлоб, ба ҷойи дуюм Саёҳат Назарова аз ноҳияи Восеъ ва ба ҷойи сеюм Тоиршои Қадамшо аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шарафёб гардиданд.
Миёни донишҷӯён ҷойи аввалро Шарифхон Азизӣ аз шаҳри Бохтар, ҷойи дуюмро Муборакшоҳ Юсуфов аз ноҳияи Данғара ва ҷойи сеюмро Шаҳноза Шарифова аз ноҳияи Ҷайҳун сазовор шудаанд.
Мақсад аз баргузории озмун таҳким бахшидани донишу малакаи хонандагони макотиби олӣ ва миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ чунин озмунҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Дар интиҳо ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ мушарраф гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони озмуни мазкур барои ширкат дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат дарёфт намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала