Ҷузъиёти мулоқоти Ҷабборов ва Раҳмон маълум шуд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузаштан ба хазинаи аксМитинг сторонников С. Жапарова в Бишкеке
Митинг сторонников С. Жапарова в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон маълумоти навро дар бораи мулоқоти Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон нашр кард
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Пас аз гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, санаи сафари Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ҷумҳурӣ дақиқ шуд.
Маълум шуд, ки ӯ рӯзи 28 июн барои гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд.
Ин маълумот аз эълони сабти номи расонаҳо ба даст омадааст.
Сипас паёми расмиро хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон интишор кард. Маълумоти қаблан эълоншуда пурра тасдиқ карда шуд, аммо тафсилоти дигар ба ин илова карда шуд.
"Ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард", - гуфтааст маъмурияти президенти Қирғизистон.
Таджикские пограничники на таджикско-афганской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Бишкек хостори тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон шуд
Инчунин маълум шуд, ки қабл аз сафар ба Тоҷикистон, Ҷапаров аз Туркманистон дидан карда, дар он ҷо бо президент Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуда, масъалаҳои тиҷоративу ҳамкориро баррасӣ мекунад.
Қаблан пас аз муноқишаи марзӣ 30 апрел зимни гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буд.
Гуфта мешуд, даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуда, муҳлатҳои мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала