Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Корвон маҳкам: соҳибкорон ҳама ба ваксингирӣ рафтанд

© Иззат ЛатифРынок в Душанбе "Корвон"
Рынок в Душанбе Корвон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Дари яке аз бозорҳои калонтарини Душанбе ба рӯи муштариён баста шуд, зеро ҳамаи соҳибкорону фурӯшандаҳо ба ваксингирӣ рафтанд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бозори "Корвон" рӯзи 25 июн кор намекунад ва сабаби баста будани дари ин бозор ба ваксигирӣ рафтани соҳибкору фурӯшандаҳо рабт дода мешавад.
Хабаргузории Pressa. tj менависад, ки роҳбарияти бозор рӯзи санитарӣ эълон кард ва ҳамаи соҳибкоронро ба эмгирӣ фиристод.
Гуфта мешавад, тамоми кормандони калонтарин бозори пойтахт бо ваксине, ки ҳафтаи қаблӣ Чин ба Тоҷикистон фиристод, эм карда шуданд.
Вакцинация. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Душанбе ваксиназании ҳамаи афроди аз 18-сола боло оғоз шуд
Манбаъ аз қавли маъмурияти бозор менависад, ки ҳамарӯза пас аз анҷоми кор, гирду атрофи бозор бо маҳлулҳои махсус безарар гардонида мешавад.
Илова бар ин, рӯзона дар даромадгоҳҳо ҳарорати бадани харидорон қабл аз дохилшавӣ санҷида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар бозори "Корвон" ҳудуди 8 ҳазор нафар кор мекунанд.
Дар Тоҷикистон феълан эмгузаронии аҳолӣ бо ду намуд ваксин, ки яке "CoronaVac" ва дигаре "AstraZeneca" мебошад, ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала