Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Пешниҳоди Ҷабборов барои маҳрум кардани мақомдорони эмнагирифта аз маош

© Sputnik / Pavel Bednyakov / Гузаштан ба хазинаи аксПрепарат "Карнивак-Ков", первая в мире вакцина против COVID-19 для животных, которой прививают животных в ветеринарной клинике в Москве
Препарат Карнивак-Ков, первая в мире вакцина против COVID-19 для животных, которой прививают животных в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Ба гуфти Ҷабборов ваксинаҳо бояд ба зудӣ тавассути ҳавопаймо, аз кадом нуқтаи ҷаҳон ки набошад, дастрас карда шавад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Муовини раиси Девони вазирон - вазири иқтисод ва молияи Қирғизистон, Оқилбек Ҷабборов пешниҳод кард, ки дар Қирғизистон вазъи фавқулода эълон гардад ва хизматчиёни давлатӣ, ки ваксинаи коронавирус нагирифтаанд аз маош маҳрум карда шаванд.
Дар ин бора вазир, дар ҷаласаи ғайринавбатии Девони вазирон гуфтааст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Ба гуфти ӯ, бояд ба раҳбари Вазорати ҳолатҳои фавқулода Бообек Ажикеев супориш дода шавад, ки ваксинаҳоро тавассути ҳавопаймо аз куҷое, ки набошад, дастрас кунад.
"Мо бояд низоми ваксинзании ихтиёрӣ - маҷбуриро ҷорӣ кунем. Чӣ бояд кард, агар Вазорати тандурустӣ мустақилона масъалаи ваксинзаниро ҳал карда наметавонад? Чӣ қадар табибон ваксина гирифтанд? Онҳо гаштаю баргашта бемор мешаванд. Ва артиш? ВКД? Ба 368 ҳазор хизматчии давлатӣ бояд гуфт, агар ваксин нагиранд, маошро нахоҳанд гирифт. Пешниҳоди маро дастгирӣ кунед, бояд вазъияти фавқулода ҷорӣ карда шавад", - гуфт Ҷабборов.
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Қирғизистон тирамоҳ навъи вазнини COVID пайдо мешавад - шарҳи вазир
Қаблан Ҷабборов дар мулоқот бо соҳибкорон гуфта буд, ки дар кишвар танҳо 0,7 фоизи шаҳрвандон эм карда шудаанд.
Ба гуфти ӯ, ин як фоҷиа ва суқути иқтисод аст, ки ба тиҷорат, хидматрасонӣ ва сайёҳӣ асос ёфтааст.
Дар мулоқот бо соҳибкорон Ҷабборов гуфт, ки Девони вазирон барои онҳое, ки мехоҳанд ба тавлиди ваксина шурӯъ кунанд, тамоми шароитҳоро фароҳам хоҳад овард.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони кишвар бо ваксинаи русии "Sputnik V" эм карда мешавад ва он ҳам, танҳо 80 ҳазор доза харидорӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала