Аз рублу доллар то евро: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар бозори арз қурби рубл нисбат ба сомонӣ боло рафтаву евро каме поин шудааст ва доллар бошад устувориро нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тибқи иттилои БМТ арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1562 сомонӣ нишон дода шудааст, дар ҳоле, ки ду рӯз пеш он ба 0.1555 баробар буд.
Қурби доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ чунин муқаррар шудааст: 1 доллар - 11.3200 сомонӣ.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз поин рафтааст.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро муодили 13.5138 сомонӣ аст. Ду рӯз пеш дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.5229 сомонӣ буд.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Парвози баланд: қурби рублро то тирамоҳ чӣ интизор аст
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.5138 то 13.7000 ва барои 1 рубл аз 0.1562 то 0.1585 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0