Сафир: Толибон ҳадафе дар мавриди марзи Тоҷикистон надоранд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксТаджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа.
Таджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Намояндаи корпуси дипломатии Афғонистон дар Русия шарҳ дод, ки ишғоли марз аз ҷониби Толибон ба Тоҷикистон чӣ паёмад дорад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тоҷикистон набояд аз ҳуҷум ва забти марз аз ҷониби Толибон* дар ҳарос бошад, гуфт сафири Афғонистон дар Русия, Сайид Тайиб Ҷавод дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон.
Дипломат шарҳ дод, ки борҳо низомиёни афғон ба кадом иллате ин ё он минтақаи Афғонистонро тарк ва Толибон онро забт мекунанд. Аммо бо гузашти чанде, он минтақа боз таҳти контроли неруҳои ҳукуматӣ қарор мегирад.

"Агар ҳукумати Афғонистон онро барнагардонад ҳам, Толибон барномаи мушаххасе ҳам надоранд, ки чӣ сон ин минтақаи марзиро идора кунанд", - шарҳ дод Ҷавод.

Сафир ҳамчунин илова намуд, ки пирӯзии муваққати Толибон ҳеҷ гоҳ ба тағйири қудрат анҷом намеёбад.
"Дар 20 соли ҷанг Толибон ҳатто ба минтақаҳои зери тобеи худ ягон беҳбудӣ наоварданд, на дар соҳаи маориф ва на тандурустӣ", - афзудаст ӯ.
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Афғонистон аз Русия ва Осиёи Марказӣ дархост дорад, ки Толибонро ба мизи музокирот кашанд
Ба таъкиди Ҷавод, ҳукумати Афғонистон аз чунин сурат гирифтани кор нигарон нестанд, зеро онҳо медонанд, ки Толибон барои тағйир додани режим қодир нестанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 июн Толибон Шерхон Бандарро забт намуданд, ки дар натиҷа 134 низомии афғон барои наҷоти ҷони худ ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд.
Ҳукумати Афғонистон теъдоди кушташудаву маҷрӯҳ ва ҳамзамон асирони задухӯрди ахирро 100 нафар рақам заданд.
Феълан равуой дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон комилан баста аст.
*Толибон - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала