Сафири Афғонистон дар Русия: Толибҳо наметавонанд давлатро бигиранд

CC BY-SA 4.0 / AideSTJ / Посол Афганистана в России Сейед Тайеб Джавад
Посол Афганистана в России Сейед Тайеб Джавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Сафир дар ин сӯҳбати вижа аз вазъи кишвар дар шароити хуруҷи нерӯҳо, сабаби тасмими Амрико, иқтидори нерӯҳои амнияти миллии ҶИА ва ғайра гуфт
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сайид Тайиб Ҷавод, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Русия бо Sputnik Афғонистон мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дод.
Сафир дар ин сӯҳбати вижа аз вазъи кишвар дар шароити хуруҷи нерӯҳо, сабаби тасмими Амрико, иқтидори нерӯҳои амнияти миллии ҶИА, ниёзи Афғонистон дар таъмини амнияти фурудгоҳи Кобул ба Трукия, музокирот бо "Толибон"*(ҳаракати радикалӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) гуфтааст.
Sputnik: Шумо вазъи кунунии амниятиро дар Афғонистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Сафир: Хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар давраи номусоид барои Афғонистон аз нуқтаи назари амният сурат мегирад. Хуруҷи нерӯҳо бар асоси тавофуқи Доҳа миёни Толибон ва Иёлоти Муттаҳида ва бар пояи афзалиятҳои сиёсӣ ва воқеияти Иёлоти Муттаҳида сурат мегирад, бинобар ин мо дар Афғонистон як қатор мушкилоти муваққатӣ ва ғайричашмдошти амниятиро мебинем. Омода ҳастем, ки бо истифода аз имконоте, ки дар дасти мост, ба ин мушкилот посух диҳем.
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Афғонистон аз Русия ва Осиёи Марказӣ дархост дорад, ки Толибонро ба мизи музокирот кашанд
Sputnik: Шумо дар мусоҳибаи худ дар моҳи феврал гуфтед, ки "амалиёти низомӣ дар Афғонистон тақрибан 100% аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон баргузор мешавад, зеро нерӯҳои байналмилалӣ дигар ҷанг намекунанд." Чаро имрӯз, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ, мебинем, ки чӣ гуна тақрибан ҳар рӯз ноҳияҳо таҳти назорати Толибон қарор мегиранд?
Сафир: То ҳол, нерӯҳои амниятии Афғонистон қодиранд кишварашонро дифоъ кунанд. Истифодаи нерӯи ҳавоӣ барои амали самараноки зиддитерроризм муҳим аст. Мутаассифона, нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳам аз ҷиҳати ҳавопаймоҳо ва чархболҳои дар ихтиёри худ буда ва ҳам аз ҷиҳати дастрасӣ ба иктишоф барои дақиқ муайян ва нобуд кардани ҳадафҳо ҳанӯз ҷавонанд.
Аз ин рӯ, мо ҳамлаи Толибонро дар баъзе шаҳристонҳо мебинем, аммо аксари ин минтақаҳо дар рӯзҳои охир, хусусан дар шимоли кишвар, пас гардонда шуданд. Муҳим он аст, ки мо барои куштани ҳарчи бештари Толибон мусобиқа ташкил намекунем. Ҳақиқат ин аст, ки агар роҳи ҳалли низомӣ дар Афғонистон мебуд, ин аллакай рух медод - ё мо онҳоро сарнагун мекардем, ё онҳо моро. Толибон бояд барои музокироти ҷиддӣ, воқеъбинона бо ниятҳои нек ва пок нишинанд. Дар акси ҳол, даври нави хунрезиҳо ба амал хоҳад омад, ки на танҳо ба Афғонистон, балки ба минтақа низ нафъ намебахшад. Аз ин рӯ, мо аз дӯстони худ дар Маскав ва Осиёи Марказӣ хоҳиш мекунем, ки дар истиқрори сулҳ ва оромӣ дар Афғонистон нақши ҷиддитар дошта бошанд ва Толибонро ба мизи гуфтушунид расонанд.
Sputnik: Ба назари шумо, оё ИМА ӯҳдадорона нерӯҳояшро хориҷ мекунад?
Сафир: Ӯҳдадорӣ нисбати кӣ?
Sputnik: Афғонистониҳо.
Сафир: Ба назари ман ин барои мардуми Амрико, ки ба идомаи ҷанг манфиатдор нестанд. Масъулияти роҳбарияти сиёсии давлатҳо бештар ба зиммаи мардуми онҳост. Ман фикр мекунам, ки ин қарор бидуни машваратҳои пурра ва назардошти воқеиятҳои объективии Афғонистон гирифта шудааст. Вазъияти дохилии сиёсии Иёлоти Муттаҳида сабаби қабули ин қарор гашт.
Sputnik: Оё шумо фикр мекунед, ки дар набудани президент Ашраф Ғанӣ ва роҳбари Шӯрои олии оштии миллӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ (онҳо 25 июн ба ИМА мераванд), Толибон бо истифода аз вазъият, қудратро мегиранд?
Сафир: Сафар хеле муҳим аст, аммо кӯтоҳ. Дуввум, Афғонистон дар ҳолате нест, ки дар сурати набудани раисҷумҳур дар як рӯз ё як соат ҳама чиз тағйир ёбад. Нерӯҳои амниятӣ, вазоратҳо кори худро идома медиҳанд.
Душман пеши дар: “Толибон” марз бо Тоҷикистонро гирифтанд
Sputnik: Дуруст. Аммо Дебора Лайонс, фиристодаи вижаи дабири кулли СММ дар Афғонистон гуфт, ки аз замони хуруҷи нерӯҳо дар моҳи май, 50 виласволӣ таҳти назорати Толибон қарор гирифтанд. Рӯзи дигар, вақте ки низомиёни афғон ба Тоҷикистон гурехтанд, марз бо Тоҷикистон дар вилояти Кундуз низ таҳти назорати Толибон гузашт. Ба фикри шумо, дар чунин вазъ, набудани роҳбарият метавонад имконияти хуби Толибон барои ба даст гирифтани қудрат бошад?
Сафир: Бояд вазъиятеро фарқ кард, ки вақте дар ягон минтақа ақибнишинӣ мекунанд ва пас аз 2-3 соат бармегардонанд. Ҳатто агар онҳо баргардонида нашаванд ҳам, Толибон ҳеҷ гуна барнома надоранд, ки масалан марзро чӣ гуна идора кунанд. Ҳатто агар каме пешрафт бошад ҳам, ин пешравии муваққатии низомӣ хоҳад буд, аммо тағйири қудрат нест. Дар тӯли 20 соли ҷанг Толибон ҳатто дар минтақаҳои таҳти назораташон чизе пешниҳод накарданд: на дар соҳаи маориф, на дар соҳаи тандурустӣ ва хидматрасонӣ. Аз ин рӯ, мо ҳеҷ гуна нигаронӣ надорем, ки Толибон режимро иваз кунанд. Чунин имкон вуҷуд надорад.
Sputnik: Русия аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба Афғонистон сафар накунанд, Чин аз шаҳрвандони худ даъват мекунад, ки ҳарчи зудтар аз Афғонистон баргарданд, Тоҷикистон барои қабули паноҳандагон аз Афғонистон омодагӣ мегирад, марз бо Тоҷикистон дар Кундуз таҳти назорати Толибон қарор гирифтааст. Оё шумо фикр намекунед, ки вазъ фавқулодда аст?
Сафир: Мо ҳам намехостем, ки ба русҳо ягон зарар расад. Агар Русия вуруди шаҳрвандони худро ба Афғонистон маҳдуд кунад, ҳамаи мо мефаҳмем. Аммо ин нишондиҳандаи ҳолати фавқулодда нест. Мо нисбати масъалаҳои амният воқеъбинем. Мо на танҳо аз вазъи шаҳрвандони хориҷӣ, балки аз шаҳрвандони худ низ нигарон ҳастем.
Sputnik: Ато Муҳаммади Нур (собиқ губернатори вилояти Балх - шарҳ аз идора) ҳизбҳоро ба сафарбарӣ даъват кард. Ба назари шумо, оё ин зарур аст?
Сафир: Агар Толибон фишор оранд ва роҳи низомиро пеш гиранд, дигар роҳе нахоҳад монд - мардумро мебояд ҷамъ кард. Мо дарҳоро барои музокироти сулҳ боз кардем. Онҳо низ бояд кушоянд. Дар Маскав, Доҳа, Теҳрон ва дигар кишварҳо вақте ки роҳбарияти Афғонистон аз собиқ президент сар карда, то раиси поёнии парлумон даъват шуда буданд. Ҷавонон, журналистон ҳама омода буданд, аммо тарафи дигар (Толибон) омода набуд. Агар кӯшишҳои сиёсии роҳбарият ба натиҷае нарасанд ва Толибон ҳалли низомиро барои низоъ пеш баранд, роҳбарияти сиёсӣ ба ҷуз аз истифодаи усули низомӣ чорае нахоҳанд дошт ва дар паҳлӯи нерӯҳои амниятӣ хоҳанд қарор гирифт.
Военнослужащий армии Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Эрон нерӯҳояшро ба марз бо Афғонистон интиқол медиҳад: видео
Sputnik: Аммо Толибон дар Доҳа мегӯянд, ки онҳо ба гуфтушунид омодаанд.
Сафир: Онҳо дурӯғ мегӯянд. Шубҳае нест, ки онҳо дурӯғ мегӯянд. Як сол аст, ки онҳо натавонистанд дар омода кардани рӯзномаи нишаст ба мувофиқа расанд. Дар ҳоле ки барои он ду-се рӯз кофӣ аст. Дар бораи масъалаҳои бунёдӣ ҷои суҳбат ҳам нест. Онҳоро ба Истанбул даъват мекунанд, аввал мегӯянд, ки меоям, баъд намеоям, фикр мекунанд, ба Покистон мераванд, бо роҳбарият сӯҳбат мекунанд. Шумо худ дидед, ки Толибон пешниҳодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, алахусус, дӯстони дар Маскав ё Доҳа бударо қабул надоранд. Дар Маскав Толибон барои нишастан бо афғонҳо омода набуданд (дар сари мизи гуфтушунид). Онҳо танҳо дар маҷлисҳои умумӣ ширкат варзиданд. Умуман, маҷлис на бештар аз 45 дақиқа тӯл кашид. Мо омода будем ҳар як рӯзномаро, ки Толибон пешниҳод мекунанд, муҳокима кунем. Вақте ки ман "мо" мегӯям, ман на танҳо ҳукумат, балки оппозитсияро низ дар назар дорам. Ҳама аз мавқеи Толибон хаста шудаанд ки мегӯянд - "мо омодаем гуфтушунид кунем", аммо намекунанд.
Sputnik: Мушкили онҳо дар чист?
Сафир: Онҳо омода нестанд. Мо ба пешниҳодҳои онҳо омодаем, мо омода ҳастем, ки ҳаргуна пешниҳодҳоро дар рӯзнома баррасӣ кунем, аз оташбас сар карда ва то бо ҳар масъалаи дигар. Сиёсати музокироти сулҳи Толибон музокироти сулҳ аст, на музокирот барои дастёбӣ ба сулҳ. Доҳа як имкони истисноӣ буд, ки Толибон онро аз даст доданд.
Sputnik: Толибон чӣ мехоҳанд?
Сафир: Ман фикр мекунам, ки онҳо то ҳол мехоҳанд бо зӯр ба қудрат расанд. То он даме, ки онҳо мавқеи худро иваз накунанд, гуфтугӯҳои сулҳ ба гумон аст, ки ба ҷое бирасанд. Бо зӯрӣ ба қудрат расидани онҳо дар Афғонистон мушкил хоҳад буд. Ҳам мардум ва ҳам ҷавонони Афғонистон ва блоки қудрат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа ва дӯстони Толибон - Маскав ва Теҳрон мухолифи таъсиси режими Аморати Исломӣ дар Афғонистон ҳастанд. Инро хуб ба онҳо расониданд ва мо барои ин аз Маскав сипосгузорем.
Sputnik: Оё Афғонистон ба ҳимояти фурудгоҳи Кобул ба кумаки Туркия ниёз дорад?
Сафир: Хуб аст, ки шумо ин саволро додаед. Вақте ки мо дар бораи таъмини амнияти фурудгоҳ сухан меронем, мо дар бораи ҳифзи ҷисмонии он намегӯем, яъне ин маънои онро надорад, ки дар он ҷо чанд сарбоз хоҳад буд. Сухан дар бораи дастгоҳҳои техникӣ меравад, ки ба назорати фазои Афғонистон, радарҳо мусоидат мекунанд. Мо дар Афғонистон чунин имконият надорем. Яъне, мо бештар дар бораи радарҳо сухан меронем, ки имкон медиҳанд, ки ҳарими ҳавоии кишварро дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳомид Карзай назорат кунанд, на дар бораи ҳузури сад ё дусад сарбоз дар шароите, ки ҳазорҳо ҷангиён дар сафҳои Толибон меҷанганд. Барои назорати фазои ҳавоӣ ба мо малакаҳои техникӣ лозиманд. Ин кумакро Туркия ва ё кишвари дигар расонда метавонанд.
Sputnik: Оё ҳузури Туркия дар фурудгоҳи Афғонистон боиси хушунатҳои бештар мешавад?
Сафир: Не, Туркия як кишвари исломӣ ва дӯсти дерини Афғонистон аст. Ин кишварест, ки ниятҳои некро нисбати мардуми афғон собит кардааст. Ман фикр мекунам, ки ҳеҷ яке аз афғонҳо зид нахоҳанд буд. Агар Толибонро дар назар дошта бошед, онҳо ҳамеша муқобили ҳар чизе ҳастанд, ки дар Афғонистон рух медиҳад.
Боевики движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
“Да Амударя де!” - Толибон* сари пули Шерхон Бандар-Панҷи поён - видео
Sputnik: Вазъи кунунии музокирот дар Доҳа чӣ гуна аст?
Сафир: Тамосҳо идома доранд. Баъзан гурӯҳҳо дар тамос мешаванд. Мутаассифона, ягон гуфтушуниди муназзам вуҷуд надорад.
Sputnik: Чаро?
Сафир: Вақте ки онҳо дар бораи Конфронси Истанбул сӯҳбат карданд, раванд ва суръати тамосҳо дар Доҳа суст шуд. Ва ҳоло, бо афзоиши хушунат аз ҷониби Толибон, дар ин бора гуфтан душвор аст.
Sputnik: Агар тарафҳо дар Доҳа ба мувофиқа нарасанд, пас аз хуруҷи нерӯҳо дар Афғонистон чӣ хоҳад шуд?
Сафир: Хунрезӣ, ҷанг. Мардуми осоишта қурбон мешаванд. Ва ин ҷанг барои минтақа низ оқибат хоҳад дошт. Аз ин рӯ, мо аз кишварҳои минтақа хоҳиш мекунем, ки ба ҷои назорати ояндаи Афғонистон бо мардум ва ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ кунанд. Бояд ояндаро ташаккул дод, на интизораш монд. Барои эҷоди як Афғонистони мустақил ва озод дар асоси арзишҳои демократӣ, ҷилавгирӣ аз он, ки гурӯҳҳои ифротӣ дубора куштори афғонҳо ва таҳдид ба минтақа ва ҷаҳон шаванд.
Sputnik: Шумо сатҳи муносибатҳои Афғонистон ва Русияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Сафир: Ман фикр мекунам, ки бо хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ барои истиқболи муносиботи дуҷониба ба сатҳи баланд имконияти истисноӣ фароҳам оварда мешавад. Русия ҳамеша рамзи шукуфоӣ ва пешрафт дар Афғонистон буд. Сухан дар бораи таъсиси инфрасохтор, аз қабили нақби Саланг, нерӯгоҳи барқи обии Наглу, Донишгоҳи политехникӣ, омӯзиш, фиристодани афғонҳо ба кайҳон меравад. Вақти он расидааст, ки Русия мисли як дӯсти деринаи худ бори дигар ба як кишваре табдил ёбад, ки пешрафт ва шукуфоӣ дар соҳаи маориф, иқтисод ва фарҳангро ҷонибдорӣ мекунад.
Премьер-министр Пакистана Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Пешниҳоди нахуствазири Покистон барои ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон
Sputnik: Оё бо Русия дар бораи кумак дар мубориза бо коронавирус музокирот ҳаст?
Сафир: Мо умедвор будем, ки як миқдор ваксинаи Спутник V, ки ман худам эм шудам, ба Афғонистон фиристода мешавад. Ҳам ҳукумат ва ҳам парлумон дар ин бора дархост фиристодаанд, аммо посухе нашунидем. Мо миннатдор мешудем, агар Русия дар таъмини мошинҳои оксиген, тестҳо барои муайян кардани коронавирус кумак расонад.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0