Суқути чархболи низомӣ дар Русия

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксВертолет Ми-8, архивное фото
Вертолет Ми-8, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Дар пай суқути чархбол 3 тан ҳалок шудаанд, Кумитаи тафтишотӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар дод, ки дар наздикии Санкт-Петербург, чархболи низомии Русия, Ми-8 суқут кардааст.
Ҳодиса шоми 24 июн дар ҳудуди ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград рух додааст.
Тавре РИА Новости гузориш медиҳад, чархбол ба Росгвардия таалуқ дошта, парвози омӯзишӣ анҷом медодааст.
Дар пайи ҳодиса се тан ҳалок шудаанд. Кумитаи тафтишотӣ дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои пешакӣ, сабаби ҳодиса "Нақзи қоидаҳои парвозҳо ё омодагӣ ба онҳо" гуфта мешавад.

Тафсилоти суқути чархбол

Як сокини вилояти Ленинград дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии РЕН ТВ дар бораи ҷузъиёти фоҷиа бо чархболи суқуткардаи Ми-8 нақл кардааст.
Ба гуфтаи шоҳиди айнӣ, чархбол ба ҳадде дар поён парвоз мекард, ки ба чашм намоён буд. Зан қайд кард, ки ҳангоми парвоз маълум буд, ки чархбол меафтад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала