Ду садамаи маргбор дар Тоҷикистон: дучархарон ва савори "Квадросикл" ҷон бохтанд

© SputnikМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори ду худрав ба дучархарон ва савори "Квадросикл" хабар медиҳад, ки бо марг анҷомид
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар паи садамаҳои нақлиётӣ савори "Квадросикл" ва дучархарон ҷон аз даст доданд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, садамаи аввалӣ 24-уми июн тахминан соати 9:30 дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, ки садама бо ширкати ронандаи мотороли тамғаи чинӣ, Д.Ф.Р. сокини 39 - солаи ноҳияи Ҷ. Балхӣ рух додааст.
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Яке пиёдаву дигарҳо савор: се садамаи маргбори ду рӯзи ахир
Ӯ ҳангоми ҳаракат аз шаҳраки Балх ба деҳоти Ҳалеварди ноҳияи мазкур, ба қафои дучархарон, Х.Д. М, сокини 37-солаи ҷамоати деҳоти Ҳалевард, бархӯрда, баъдан ба муқобили самти ҳаракат баромадааст.
Зимни ҳаракат дар самти муқобил номбурда ба худрави тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи сокини 47 - солаи ҷамоати деҳоти Ҳалевард, бархӯрдааст.
"Дар натиҷа, дучархарон Х.Д.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Садамаи дуюм шаби 23-юми июн, тахминан соати 20:20 дақиқа рух додааст.
Ин бор ронандаи "Квадросикл", А.Ғ.Ҳ. сокини 24-солаи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Ҳақиқат ба самти муқобили роҳ баромада ба “Хундай-Соната”, бархӯрдааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Садамаи маргбори кортежи Ҷабборов: шарҳи котиботи раисиҷумҳур
Ин худрав таҳти идораи Н. Ш.М. сокини 50-солаи ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин шаҳр будааст.

"Дар натиҷа, ронандаи "Квадросикл”, А. Ғ.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарномаи ВКД.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0